Ду нур дар ҳамворӣ
Ду нур метавонанд ба якчанд тарз ҷойгир шаванд (расми 1).
Дар ҳолати 3 нури қисми нури аст; ҳарду ба як тараф равонанд, пас ҳамсамтанд. Дар ҳолати 4 нурҳо аз ҳам дур мешаванд ва муқобилсамтанд.
Нурҳо ва нимҳамворӣ
Агар сарҳади нимҳамвориҳо хати рости бошад ва ду нури ҳамсамт аз нуқтаҳои хати сар шаванд, онҳо дар як нимҳамворӣ мехобанд. Яъне нурҳои ҳамсамт ҳамеша дар як нимҳамворӣ мехобанд (агар сарҳади нимҳамвориҳо хати аз ибтидои онҳо гузаранда бошад). Агар ду нур аз сарҳади нимҳамвориҳо сар шаванд ва муқобилсамт бошанд, онҳо дар нимҳамвориҳои гуногун мехобанд (расми 2).
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф
1. Ба расми 3 нигаред. Нурҳо то канори расм давом мекунанд. Муайян кунед, ки кадом нурҳо: а) ҳамсамтанд; б) муқобилсамтанд; в) гуногунсамтанд; г) хати рости -ро мебуранд; д) якдигарро мебуранд; е) пуркунандаи якдигаранд.