Хатти рост
Тасаввур кунед, ки ду вагон ресмони дарозеро ба тарафҳои муқобил таранг мекашанд. Ресмони таранг тасвири хатти рост аст. Хатти рост аз тарафайн беохир давом мекунад: ибтидо ва интиҳо надорад. Мисоли дигар — симҳои телефон ва нури аз сӯрохии танг гузаранда.
Хатти рост аз нуқтаҳои бешумор иборат аст, дарозӣ дорад, аммо бар ва ғафсӣ надорад. Каҷӣ ва мавҷ надорад. Хатти рост ҳам мафҳуми одитарин аст ва таъриф намешавад. Гуфтаи Уқлидус («хатти рост ҳамон аст, ки нисбат ба ҳамаи нуқтаҳояш як хел ҷойгир аст») таъриф нест, балки тасвири он аст.
Аз як нуқта хатҳои рости бешумор мегузаранд. Аз ду нуқта ҳам хатҳои бешумор мегузаранд, аммо фақат яктои онҳо рост аст.
Хатти ростро бо хаткашак мекашанд. Онро бо ду ҳарфи калон ё бо як ҳарфи хурд ишора мекунанд: хати ё хати Ду нуқтаи гуногун хатти ростро комилан муайян мекунанд, аз ин рӯ хати ва хати як хатанд.
Сатҳ ва ҳамворӣ
Ҳар ашё қабати берунӣ дорад: бадани одамро пӯст, дарахтро пӯстлох мепӯшонад. Чунин қабатро мисли пардаи тунуке тасаввур кардан мумкин аст, ки бар ва дарозӣ дорад, аммо ғафсӣ надорад. Он сатҳи ашё аст: сатҳи об, миз, девор (коғази девор ва ранг), кура.