Ду хати рост дар ҳамворӣ
Ду чӯбчаи ростро дар рӯи миз гузоред. Онҳоро бо чанд тарз ҷойгир кардан мумкин аст? Се тарз.
1. Нуқтаи умумӣ нест.
Ишораи он: Релсҳои роҳи оҳан, симҳои телефон, теғаҳои муқобили миз ё дафтар, равонакҳои зинапоя, соҳилҳои канал — мисолҳои хатҳои параллеланд. Хатҳои параллел дар ҳар самт (уфуқӣ, амудӣ, майл) метавонанд бошанд.
2. Фақат як нуқтаи умумӣ.
Агар хатҳои ва дар нуқтаи якдигарро бурида бошанд, менависанд: Хонед: «хати хати дар нуқтаи мебурад».