Мушоҳида: ашёи мудаввар
Хулоса: давра ва доира
Шаклҳои 2, 4, 5 ва 7 — мисоли давра.
Паргори экранӣ ёрӣ медиҳад: давра кашед, радиусро чен кунед ва диаметрро ёбед.
1 соат
Шаклҳои 2, 4, 5 ва 7 — мисоли давра.
Паргори экранӣ ёрӣ медиҳад: давра кашед, радиусро чен кунед ва диаметрро ёбед.
Доираро бо маркази он тавсиф мекунанд: доираи Шаклҳои 1, 3, 6 ва 8 — мисоли доира.
Қисмҳои давра номҳои махсус доранд.
Ба атрофатон нигоҳ кунед ва ашёи даврашаклро номбар кунед. Онҳо чӣ фарқ мекунанд?
1. Бо паргор давра ва доира кашед.
2. Кадоме аз шаклҳои зерин давра ва кадоме доира аст? Рақамҳоро нависед.
3. Ҷузъҳои давра ва доираро номбар кунед: дар а) нуқтаи — … ; дар б) порчаи — … ; дар в) порчаҳои ва — ….
Ба расм нигаред ва ашёро тавсиф кунед. Онҳо чӣ умумият ва чӣ фарқият доранд? Шаклҳоро аз рӯи нишонаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: А — 1, 3, 6, 8 ва Б — 2, 4, 5, 7. Ҳамаи шаклҳо чӣ умумият доранд? Ин ду гурӯҳ аз ҳамдигар бо чӣ фарқ мекунанд?
Умумият: ҳамаи шаклҳо мудаввар (даврашакл) ва ҳамворанд. Гурӯҳи А — дарунашон пур аст (ноғора, танга, табақ, тахта). Гурӯҳи Б — дарунашон холӣ аст, танҳо канораи мудаввар (ҳалқа, дастпона, ангуштарин, чархи мошин).
Шакле, ки нуқтаҳояш аз нуқтаи додашудаи дар масофаи баробар ҷойгиранд, давра номида мешавад. Нуқтаи — маркази давра.
Дар давраи додашуда се нуқта интихоб кунед. Бо хаткашак масофаи ҳар нуқтаро то маркази чен кунед ва қиматҳоро муқоиса кунед. Чиро мушоҳида кардед?
Масофаҳо аз ҳар нуқтаи давра то маркази якхела аст.
Қисми ҳамворӣ, ки бо давра маҳдуд аст, доира номида мешавад. Нуқтаи маркази доира низ мебошад.
Ба фикри шумо, радиус бо диаметри давра чӣ алоқа дорад? Давраи ихтиёриро бо паргор кашед, радиус ва диаметрашро чен кунед ва тахмини худро санҷед:
Диаметр ба ду радиус баробар аст:
ва Ҳамаи радиусҳои як давра баробаранд.
Давра аз доира бо чӣ фарқ мекунад? Радиус бо диаметр чӣ алоқа дорад? Оё номи фасл ба мундариҷаи он мувофиқ аст? Агар не, чаро?
Марказ, радиус, хорда ва диаметри давра ба доира низ тааллуқ доранд.