Боби нав: геометрия
Имрӯз омӯзиши боби нави геометрия-ро оғоз мекунем. Геометрия ба мо кӯмак мекунад, ки бо ашё дар ҳамворӣ ва дар фазо кор кунем. Дар ин фасл бо шаклҳо дар ҳамворӣ шинос мешавем.
Ба сифати ҳамворӣ сатҳи рӯи миз, сатҳи рӯи замин, сатҳи тахтаи синф ва сатҳи матоъ мисол шуда метавонанд.
Вазъият барои андешаронӣ
Ба шумо шаклҳои геометрӣ дар ҳамворӣ дода шудаанд.
Хатҳо дар геометрия
Дар геометрия намудҳои гуногуни хатҳо омӯхта мешаванд. Онҳо бар ва баландӣ надоранд. Хатҳо метавонанд рост, каҷ ё шикаста бошанд. Хатти рост аз миқдори беохири нуқтаҳо иборат аст.
Хулоса: ду ҳолати ду хати рост
Тасаввур кунед, ки дар дафтар ду хати рост мекашед. Чӣ хел шуданаш мумкин аст? Дар геометрия дар ҳамворӣ ду ҳолати асосӣ ҳаст.
1. Хатҳо якдигарро намебуранд.
Хатҳои рости параллел — ду ё зиёда хатҳои рост, ки дар як ҳамворӣ ҷойгиранд ва ҳеҷ гоҳ ҳамдигарро намебуранд, новобаста ба он ки онҳо ба ҳар тараф то чӣ андоза давом дода шаванд. Хатҳои параллел нуқтаи буриш надоранд. Роҳҳои қатора ва тарафҳои муқобили росткунҷа — мисоли хатҳои рости параллел.
Хатти рости ба хатти рости параллел аст. Параллелиро бо аломати менависанд: