9.4. Ҳамворӣ. Хатти рост. Нур - Математика — синфи 5
9. Бузургиҳо, порча,хатҳо ва нури координатӣ
9.4. Ҳамворӣ. Хатти рост. Нур
1 соат
Назария
Дарси 6 аз 9
Хониш: 14 дақиқа
Саволҳо: 8
Ҳамворӣ ва хатти рост
Сатҳи мизи корӣ, тирезаи хона, сатҳи оби кӯли ором ва ғайра дар назар ба ҳамворӣ монанд мебошанд. Фарқ танҳо дар он аст, ки ҳамворӣ дар ҳамаи самтҳо беҳудуд аст, аммо предметҳои номбаршуда қисми маҳдудро ишғол кардаанд.
Ҳамворӣ аз нуқтаҳо иборат аст. Аз машқҳои мавзӯи 9.2 медонем, ки порчаи додашударо ба ду самт дароз кардан мумкин аст. Бинобар ҳамин,
Порчаи AB‑ро пас аз нуқтаҳои A ва B давом дода, хатти рости AB-ро ҳосил намудан мумкин аст. Порчаи AB як қисми маҳдуди хатти рости ‑ро ташкил медиҳад. Худи хатти рост, ҳамчун ҳамворӣ, номаҳдуд аст. Дар коғаз танҳо қисми охирноки он тасвир меёбад.
Аз нуқтаи дилхоҳи хатти рост ба ду самт порчаҳои дарозиҳояшон дилхоҳро қайд кардан мумкин аст. Масалан, дар расми 1 аз нуқтаи A‑и хатти рост ба ду самт порчаҳои AB ва AC‑и дарозиҳояшон 1 см гузаронида шудааст. Нуқтаи A миёнаи порчаи CB мебошад.
Нур
Нуқтаи O хатти рости AB‑ро ба ду ҳисса ҷудо мекунад. Ҳар яке аз ин қисмҳо нур номида мешавад (расми 2 (а)). Нуқтаи Oибтидои нур мебошад. Нур интиҳо надорад. Барои ифодаи нури дилхоҳ ду нуқта — ибтидо ва нуқтаи дигари он кифоя аст. Дар расми 2 (б) нури OA аз нуқтаи O ибтидо гирифта, ба самти нуқтаи A равона шудааст.
Мисоли 1. Дар хатти рост нуқтаҳои A ва B қайд шудаанд. Чандто нур бо ибтидои A ҳаст?
Ҳал. Ду: яке ба самти B (нури AB), дигаре ба самти муқобил.
6. Нуқтаҳои A ва B‑ро аз ҳам дар масофаи 3 см қайд кунед. Аз нуқтаҳои A ва B хатти рост гузаронед. Дар хатти рост порчаи AC‑ро қайд кунед, ки 3 см дарозӣ дошта бошад ва нуқтаҳои B, инчунин C дар самтҳои гуногуни A ҷойгир бошанд. Оё дар хатти рост нуқтае ёфт мешавад, ки масофа аз он то нуқтаи A ба 1 000 000 км баробар бошад? Чандто чунин нуқта мавҷуд аст?
7. Дар хатти рост нуқтаҳои A,B,C қайд шудаанд (расми 4 (а)). Нурҳоеро нишон диҳед, ки аз ин нуқтаҳо ибтидо мегиранд.
Дар хона
8. Нуқтаи P аз ибтидои нур дар масофаи 10 см воқеъ аст. Нуқтаҳоеро қайд кунед, ки онҳо аз нуқтаи P дар масофаи 8 см ҷойгиранд. Оё дар ин нур нуқтае мавҷуд аст, ки аз нуқтаи P дар масофаи 12 см ҷойгир бошад? Чандто чунин нуқта вуҷуд дорад?