1. Дар дафтар порчаи дилхоҳи AB кашед. Бо воситаи паргор порчаи дигари CD‑ро созед, ки дарозиаш ба дарозии порчаи AB баробар бошад.
2. Порчаи AB дода шудааст. Нӯгҳои паргорро ба нуқтаҳои A ва B гузошта, хатти каҷ кашед. Кадом шакли геометрӣ ҳосил шуд? Дар он порчаҳои баробарро нишон диҳед.
3. Порчаи AB дода шудааст (расми 1). Нуқтаҳои K ва M дар он ҷойгиранд. Нуқтаҳои C ва D аз порчаи AB берун ҷойгиранд. Порчаҳои ҳосилшударо қайд кунед ва дарозиҳои онҳоро муқоиса намоед.
Дар хона
4. Порчаи AB дода шудааст. Онро пас аз нуқтаи B давом дода, порчаи AB‑ро 2 маротиба дароз намоед. Охири порчаи ҳосилшударо бо C ишора кунед. Дарозии порчаҳои ҳосилшударо бо ишораҳои >,<,= муқоиса намоед.
5. Порчаи AB дода шудааст. Онро пас аз нуқтаи B давом дода, порчаи AB‑ро 3 маротиба дароз намоед.
6. Порчаи AB дода шудааст. Онро пас аз нуқтаи A ва пас аз нуқтаи B давом диҳед. Порчаҳоеро созед, ки дарозиҳояшон ба дарозии порчаи AB баробар бошад. Порчаҳои ба ҳам баробарро нишон диҳед.
7. Дар порчаи AB нуқтаи C‑ро қайд кунед. Бо паргор нишон диҳед, ки дарозии порчаи AB ба суммаи (ҳосили ҷамъи) дарозиҳои порчаҳои AC ва CB баробар аст.
8. Порчаи AB дода шудааст. Пояҳои паргорро ба дарозии порчаи AB кушоед. Яке аз пояҳои онро дар нуқтаи A гузошта, давра кашед. Боз ҳамон пояи паргорро дар нуқтаи B гузошта, дар атрофи нуқтаи B давра кашед. Нуқтаҳои буриши давраҳоро бо хаткашак пайваст намоед. Порчаи пайвастшуда порчаи AB‑ро дар нуқтаи C мебурад. Бо паргор нишон диҳед, ки дарозии порчаҳои AC ва CB бо ҳам баробаранд.
Барои боҳавасон
9. Дар порчаи AB нуқтаҳои C ва D чунон қайд карда шудаанд, ки AC=CD=DB аст. Чандто порча ҳосил мешавад? Порчаҳои баробарро нависед. Кадоме аз порчаҳо аз дигараш 2 маротиба дароз, 2 маротиба кӯтоҳ аст?
10. Аз 10 донаи гӯгирд сето квадрат сохта шудааст (расми 2). Акнун, аз 9 дона гӯгирд сето чоркунҷае созед, ки тарафҳои онҳо низ бо ҳамдигар баробар бошанд.