1. Дар расми 3 порчаи MK ва дар он нуқтаҳои A,B,C тасвир ёфтаанд. Кадоме аз ин нуқтаҳо дар байни нуқтаҳои: а) M ва K, б) A ва K, в) A ва C ҷойгир аст?
2. Секунҷаи баробарпаҳлуеро созед, ки яке аз тарафҳояш 4 см ва дигараш 5 см бошанд. Масъала чанд ҳал дорад? Онҳоро ёбед.
Дар хона
3. Фақат аз паргор истифода бурда ду ҷуфти баробари порчаҳоеро ҷудо намоед, ки дар расми 4 тасвир ёфтаанд. Дар дафтаратон порчаеро созед, ки дарозиаш ба дарозии порчаи CD баробар бошад.
4. Агар дар хаткашак тақсимоти байни ду шкалаи дароз 1 см бошад, дарозии порчаҳои додашударо ёбед ва натиҷаро дар дафтаратон нависед (расми 5).
5. Порчаи дарозиаш: а) 4 см 5 мм; б) 5 см 4 мм; в) 1 дм 2 см 5 мм-ро тасвир кунед.
6. Дарозии порчаи AB 46 см аст. Нуқтаҳои C ва D дар байни нуқтаҳои A ва B ҷойгиранд. Нуқтаи D миёнаҷойи порчаи CB аст. Агар дарозии порчаи DB 12 см бошад, дарозии порчаи AC чанд см аст?
7. Хатти шикастаи ABC‑ро тасвир намоед. Агар дарозии порчаи AB ба 3 см 8 мм ва дарозии порчаи BC ба 4 см 2 мм баробар бошад, дарозии порчаи AC‑ро ҳисоб кунед. Оё масъала як ҳал дорад?
Эзоҳ: дарозии хатти шикастаи ABC‑ро ҳисоб кардан мумкин аст. Дарозии AC бошад аз рӯйи маълумот муайян намешавад, агар нуқтаҳо дар як хатти рост набошанд — расмҳои гуногунро муқоиса кунед.
Барои боҳавасон
8. Яке аз тарафҳои росткунҷа 12 см аст. Агар тарафи дигари он: а) 2 маротиба дарозтар; б) 2 маротиба кӯтоҳтар бошад, периметри росткунҷа чанд аст?
10. Дар расми 6 шкала тасвир ёфтааст. Ба нуқтаҳои A,B,C,D ва E дар ин шкала кадом ададҳо мувофиқанд?
11. Дарозии роҳ аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Файзобод 50 км аст. Савора ин масофаро бо суръати 10 км/соат тай кард. Шкалаи масофаро аз Душанбе то Файзобод тартиб диҳед. Як тақсимоти шкаларо ба 5 км баробар қабул кунед. Дар ин шкала роҳи тайкардаи савораро пас аз 1 соат, пас аз 2 соат, пас аз 3 соат, пас аз 4 соат, пас аз 4 соату 30 дақиқа қайд кунед.
12. Квадрати тарафаш ба 6 см баробарро аз рӯйи хатти шикаста ба ду қисм ҷудо намуда, аз қисмҳои ҳосилшуда росткунҷа сохтанд. Ин корро чӣ тавр анҷом доданд? Нақшаашро тартиб диҳед.