Порчаҳои AB,BC ва CA дар расми 1 (б) секунҷаи ABC-ро ҳосил кардаанд. Ин порчаҳо тарафҳои секунҷаи ABC ва нуқтаҳои A,B,Cқуллаҳои секунҷаро ташкил медиҳанд. Агар ҳар се тарафи секунҷаи ABC баробар бошанд, онро секунҷаи баробартараф меноманд: AB=BC=CA.
Дар расми 1 (в) чоркунҷаи ABCD тасвир ёфтааст. Порчаҳои AB,BC,CD ва DAтарафҳо, нуқтаҳои A,B,C,Dқуллаҳои чоркунҷаро ташкил додаанд. Ҳамин тавр, секунҷа — се тарафу се қулла, чоркунҷа чор тарафу чор қулла доранд.
Секунҷа ва чоркунҷаро дар якҷоягӣ бисёркунҷа мегӯем. Шумораи тарафҳои бисёркунҷа аз 4 адад ҳам зиёд шуда метавонад.
Масалан, периметри секунҷаи ABC ба AB+BC+CA ва периметри чоркунҷаи ABCD ба AB+BC+CD+DA баробар аст.
Мисоли 1. Периметри секунҷаи тарафҳояш 5 см, 7 см ва 8 см-ро ёбед.
5+7+8=20см.
Мисоли 2. Периметри росткунҷаи тарафҳояш 12 см ва 6 см-ро ёбед.
12+6+12+6=36см.
Мисоли 3. Асоси секунҷаи баробарпаҳлу 6 см, тарафи паҳлуӣ 8 см. Периметр?
8+8+6=22см.
Мӯрча аз вазъият 3+2+4+1=10 см роҳ рафт. Порчаи AE аз ин хатти шикаста кӯтоҳтар аст — роҳи рост ҳамеша кӯтоҳтарин аст.
Кор дар синф
Барои онҳое, ки ба ёрӣ ниёз доранд
Барои ҳама
Машқҳо
Дар синф
1. Хатти шикастае созед, ки аз: а) ду, б) се қисм иборат бошад.
2. Дарозии порчаи AB ба 5 см баробар аст. Нуқтаи M порчаи AB‑ро ба ду ҳисса ҷудо мекунад. Агар AM = 2 см бошад, дарозии порчаи MB чанд см аст?
3. Хатти шикастаи сарбастае созед, ки аз се қисм иборат буда, дарозии ҳар кадоми онҳо ба 5 см баробар бошад. Дарозии хатти шикаста чанд см аст?
4. Хатти шикастае созед, ки аз 4 қисм иборат буда, дарозии ҳар яки онҳо ба 4 см баробар бошад. Дарозии хатро ёбед.
5. Дарозии тарафҳои секунҷа ба 3 см, 4 см ва 6 см баробаранд. Периметри секунҷа чанд см аст?
Вазифаи хонагӣ
6. Дарозии тарафҳои чоркунҷа ба 5 см, 2 см, 4 см ва 5 см баробаранд. Периметри чоркунҷаро ёбед.
7. Нуқтаи P дар байни нуқтаҳои A ва B ҷойгир аст. Дарозии порчаи AB‑ро ёбед, агар дарозии порчаи AP = 4 см буда, порчаи PB аз он ду баробар дароз бошад.
8. Дарозии порчаи AB 28 см аст. Нуқтаи C дар байни нуқтаҳои A ва B ҷойгир аст. Агар CB = 12 см бошад, дарозии порчаи AC‑ро ёбед.