Ҳал. Аввал километрро бо метр ифода мекунем: 1 км = 1 000 м, Ададҳои 4 000 ва 3 989-ро муқоиса мекунем. Ҳар ду адад чоррақама аст. Дар асоси қоидаи муқоисаи ададҳои натуралӣ мешавад, яъне 4 км > 3 989 м.
Мисоли 2. Кадомаш вақти зиёдтарро ифода менамояд: як шабонарӯз ё ки 86 380 сония?
Ҳал. Аввал бузургиҳоро ба як воҳид меорем. Шабонарӯзро бо сонияҳо мегардонем. Азбаски 1 шабонарӯз аз 24 соат, 1 соат аз 60 дақиқа ва 1 дақиқа аз 60 сония иборат аст, пас
1. Ченакҳои дарозиро муқоиса намоед: а) 1 м ва 98 см; б) 2 002 м ва 2 012 м; в) 46 м ва 4 880 см; г) 50 дм ва 503 см; ғ) 995 см ва 10 м; д) 220 мм ва 23 см.
2. Массаҳоро бо ҳам муқоиса намоед: а) 16 т ва 16 001 кг; б) 16 т ва 150 сентнер; в) 6 сентнер ва 559 кг; г) 498 кг ва 5 сентнер; ғ) 936 г ва 1 кг; д) 29 760 кг ва 30 т.
3. Воҳидҳои вақтро бо ҳам муқоиса намоед: а) 80 дақ. ва 1 соату 20 дақ.; б) 1 соату 5 дақ. ва 64 дақ.; в) 2 соату 15 дақ. ва 215 дақ.; г) 5 соату 46 дақ. ва 352 дақ.
4. Маблағҳои пулиро бо ҳам муқоиса намоед: а) 84 дирам ва 1 сомониро; б) 19 сомонию 52 дирам ва 2 420 дирамро; в) 1 418 дирам ва 141 сомонию 70 дирамро; г) 1 млн. сомонӣ ва 10 млн. дирамро.
5. Кадоме аз ҷуфти бузургиҳоро бо ҳам муқоиса кардан номумкин аст: а) 14 тонна ва 3 метрро; б) 12 соат ва 12 метрро; в) 3 сол ва 4 моҳро; г) 1 аср ва 10 000 моҳро; ғ) 12 км ва 1 000 сомониро; д) 1 217 дирам ва 1 217 сентнерро?
6. Нобаробарии дучандаро хонед:
а) 11<y<17;
б) 28<y<40;
в) 89<y<178;
г) 2167<y<20318.
7. Бо воситаи нобаробарии дучанда нависед: а) «4 аз 1 калон асту аз 10 хурд»; б) «73 аз 50 калон асту аз 90 хурд».
8. Бузургиҳоро муқоиса намоед: а) 8 759 м ва 8 км; б) 50 м ва 4 976 см; в) 10 000 мм ва 10 м; г) 3 846 мм ва 384 см; ғ) 12 м ва 12 000 мм; д) 1 км ва 101 м.
9. Бузургиҳоро муқоиса намоед: а) 18 т ва 17 750 кг; б) 1 700 сентнер ва 2 т; в) 24 кг ва 2 400 г; г) 30 т ва 300 сентнер; ғ) 1 кг ва 1 800 г; д) 49 000 г ва 50 т.
10. Бузургиҳоро муқоиса намоед: а) 5 соат ва 305 дақ.; б) 360 дақ. ва 10 800 сония; в) 1 соат ва 4 000 сония; г) 365 шабонарӯз ва 12 моҳи 30-рӯза; ғ) 365 шабонарӯз ва 12 моҳи 31-рӯза.
11. Маблағҳоро муқоиса намоед: а) 2 сомонӣ ва 19 дирам; б) 25 сомонӣ ва 4 800 дирам; в) 13 сомонию 45 дирам ва 2 000 дирам; г) 143 000 сомонӣ ва 1 млн. дирам.
12. Бо воситаи нобаробарии дучанда нависед: а) адади x аз 0 калон асту аз 8 хурд; б) адади x аз 3 хурд асту аз 2 калон; в) адади y аз 8 калону аз 12 хурд аст.
13. Дар расми 1 (массаи сангҳои тарозу бо килограммҳо дода шудаанд) ҳамаи харбузаҳо массаи баробар доранд. Массаи як дона харбузаро ёбед, агар дар паллаи чап 4 харбуза гузошта шуда бошаду дар паллаи рости он — 2 харбуза.
Барои боҳавасон
14. Ҳисобкунаки автомобил адади 12 921 км-ро нишон дод. Баъд аз 2 соат ҳисобкунаки мошин рақами дигареро нишон дод, ки аз ду самт як хел хонда мешуд. Автомобил бо кадом суръат ҳаракат дошт?