Инсон худро кай бошуур меҳисобад?
Системаҳо ва технологияҳои иттилоотии зеҳниро асосан барои паҳн кардани таҷрибаи касбӣ ва ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ истифода мебаранд. Бо ёрии онҳо корбар иттилооти заруриро табдил дода, на танҳо донишҳои нав мегирад, балки онҳоро дар қарорҳои идоракунӣ ба таври самаранок истифода мебарад. Дар тарҳрезии системаҳои зеҳни сунъӣ махзанҳои дониш ва маълумот васеъ истифода мешаванд.
Моҳияти тафаккури инсонро дар расм бинед: ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва бозхонии иттилоот; таҳлили иттилоот, қабули қарор ва амал кардан. Ҳамин қобилиятҳоро мо мехоҳем ба мошин омӯзонем.
Зеҳни сунъӣ
Яъне ҳадафи системаи «зеҳни сунъӣ» – омӯзонидани мошин: он бояд мисли инсон масъаларо омӯзад, дар бораи ҳалли он фикр кунад, амалҳои заруриро иҷро кунад ва қарори идоракунӣ қабул кунад.
Мошинҳо чӣ тавр омӯхтан ва фикр карданро меомӯзанд? Ин хосиятҳоро онҳо танҳо пас аз барномасозӣ мегиранд. Системаи зеҳни сунъӣ дар асл дастаи барномаҳои компютерист, ки бо алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ сохта мешаванд.
Ба мошинҳо кадом корҳоро месупоранд
- корҳои ба саломатии инсон хатарнок;
- корҳои иҷроиши фаврӣ;
- корҳои вазнин;
- корҳои дақиқ;
- баланд бардоштани самаранокии меҳнат;
- нигоҳ доштани суръати яксони иҷрои амал;
- барқарор кардани муколама (диалог) байни мошин ва инсон;
- фаҳмидани тарзи кор ва рушди тафаккури инсон.
Самтҳои татбиқ
Имрӯз мошинҳои зеҳни сунъидошта дар ин самтҳо сохта шудаанд ва истифода мешаванд:
Робот
Роботи ҳушманд – таҷҳизоти электромеханикӣ, ки барои худкор кардани заҳмати инсон сохта шудааст. Ғояи сохтани роботҳо хеле қадима аст. Аз пайдоиши роботи аввалин то имрӯз якчанд насли онҳо иваз шудааст.
Барои шунидан, дидан ва садо баровардан мошинҳои зеҳни сунъидошта бо модулҳо ва таҷҳизоти мувофиқ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Барои идоракунии онҳо алгоритмҳо ва барномаҳои пешакӣ омодашуда истифода мешаванд. Барномаҳоро мошин дар хотираҳои мошинӣ нигоҳ медорад.