Инсон ва системаи иттилоотӣ
Яке аз самтҳои асосии иттилоотонии ҷомеа – истифодаи СИ ва ТИ дар ҳар ҷои кор. Бе ин аз ҷомеаи саноатӣ ба ҷомеаи иттилоотӣ гузаштан душвор аст.
Система – объекти дилхоҳ, ки дар як вақт ҳам воҳиди том, ҳам маҷмуи ҷузъҳои ба ҳам алоқаманд аст. Системаҳо аз рӯйи сохти таркибӣ ва тарзи иҷрои вазифаҳо фарқ мекунанд: муассисаи таълимӣ, корхона, мошин, компютер – ҳама система мешаванд. Дар информатика ин калима бештар ба маҷмуи воситаҳои техникӣ ва барномавӣ дахл дорад, ва калимаи «иттилоотӣ» мақсади сохтани системаро нишон медиҳад.
СИ равандҳои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, коркард, ҷустуҷӯ ва боздоди (баргардонидани) иттилоотро таъмин мекунад. Ба мутахассиси соҳа дар таҳлили масъалаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти нави иттилоотӣ ёрӣ медиҳад. Воситаи техникии асосӣ – компютери фардӣ; дар корхонаҳои калон боз серверҳо илова мешаванд, ки кори шабакавию иттилоотии коргоҳҳоро таъмин мекунанд.
Вале техника танҳо кофӣ нест: иттилооти истеҳсолшуда барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти инсон аст ва бе инсон таҳлили натиҷаҳо ва қарорҳои идоракунӣ мушкил аст. СИ танҳо ҳангоме фоидаовар аст, ки воситаҳои техникӣ, усулҳои технологӣ ва кормандон якҷоя ва ҳамкорона кор кунанд.
Бартариҳои СИ:
- кормандонро аз корҳои якранг ва дилгиркунанда озод мекунад: вақти онҳо ба кори зеҳнӣ мемонад;
- иттилооти ҷориро фавран ворид мекунад ва эътимоднокии иттилооти содиротиро барои қарорҳои фаврӣ баланд мекунад;
- алоқаи электронӣ ҳаҷми санадҳои коғазиро коҳиш медиҳад;
- коркарди иттилоотро бо компютер сарфакорона мекунад ва хизматрасониҳои нодирро ба истеъмолкунандагон пешкаш мекунад.
СИ бояд иттилооти аз манбаъ омадаро қабул кунад, табдил диҳад, захира кунад ва натиҷаро ба истеъмолкунандаи худ расонад. «Истеъмолкунанда» мафҳуми васеъ аст: одам, растанӣ, ҳайвон, таҷҳизот, дастгоҳ – объекти дилхоҳи зинда ё ғайризинда. Истеъмолкунанда пас аз қабули иттилооти натиҷавӣ бояд ягон аксуламал нишон диҳад: қарор қабул кунад, амале иҷро кунад, донишҳои нав гирад.
СИ-и кушода ва сарбаст
Ҳар як СИ метавонад аз рӯйи нақшаи идоракунии кушода ё сарбаст амал кунад.
Мисоли равшан – системаи каталоги маълумотномавии компютерии китобхона. Вазифаи он: аз рӯйи мавзӯи дархост ба хонанда иттилоот расонидан. Хонанда рӯйхати адабиётро мегирад ва алоқаашро бо СИ қатъ мекунад.
Тавассути алоқаи баръакс аксуламали истеъмолкунанда ҳамчун ҷавоб ба иттилооти гирифта шуда ба система бармегардад. Он ба қисмҳои сахтафзорӣ ва нармафзории система ворид шуда, бо маълумоти манбаъҳои дигар аз нав коркард мешавад. Баъд иттилооти натиҷавӣ дубора ба истеъмолкунанда мерасад. Ин ҳалқа якчанд маротиба такрор шуда метавонад.
Мисоли СИ-и сарбаст: системаи кассаҳои хизматрасонии роҳи оҳан. Система кассирро бо иттилоот дар бораи мавҷудияти чипта таъмин мекунад. Чипта фурӯхта шуд, кассир фурӯшро ба компютер ворид мекунад ва барнома онро сабт мекунад. Алоқаи баръакс – маълумот дар бораи чиптаҳои фурӯхташуда, ки аз истеъмолкунанда (кассир) ба СИ меояд.