Ифодаи арифметикӣ
Ифодаи арифметикии Python аз ададҳои бутун ва ҳақиқӣ, тағйирёбандаҳо, функсияҳо, қавсҳои одӣ ва аломати амалҳо сохта мешавад; қимати он мувофиқи қоидаҳои маъмули математика ҳисоб мешавад. Қисми бутуни ададҳои ҳақиқӣ аз қисми каср бо нуқта ҷудо мешавад (на бо вергул): 2.5.
Амалҳо: + ҷамъ, - тарҳ, * зарб, / тақсим, ** бадараҷабардорӣ.
Қоидаҳо: амалҳои як авлавият аз чап ба рост иҷро мешаванд (танҳо ** – аз рост ба чап); қавсҳо тартибро тағйир медиҳанд. Ифода дар Python сатрӣ навишта мешавад: каср ва дараҷаи болоӣ нест: (2+17.56*17.56)/(7*2.47-0.43).
Амалҳо қадам ба қадам
Бинед, ки Python ифодаро чӣ тавр иҷро мекунад: амали навбатиро пахш кунед. Агар хато кунед, барнома сабабашро мегӯяд.