Забони барномасозӣ
Барои иҷрои алгоритм дар компютр онро ба шакли махсус – барномаи компютрӣ – меоранд. Барномаҳоро бо ёрии забонҳои барномасозӣ (ЗБ) месозанд. Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 2000 забони барномасозӣ истифода мешавад.
Рушди барномасозӣ аз миёнаи солҳои 1950-ум сар шуд: маҳз он вақт аввалин забонҳое пайдо шуданд, ки бо онҳо нармафзори гуногун сохта мешуд. Одатан панҷ насли забонҳоро ном мебаранд.
Алифбо, синтаксис, семантика
Забони барномасозӣ ҳам мисли забони гуфтугӯ се қисм дорад.
Масалан, агар дар барнома қимати ифодаи лозим бошад, мувофиқи семантика компютр аввал суммаи -ро меёбад ва баъд натиҷаро ба зарб мекунад. Агар ба тағйирёбанда қимат бахшида шавад, компютр аввал мувофиқати навъи онро бо навъи қимат месанҷад ва баъд қиматро мебахшад.
Системаи барномасозӣ
Барномаҳои нав одатан бо маҷмуи василаҳое месозанд, ки системаи барномасозӣ (СБ) ном дорад. Дар таркиби он: забонҳои барномасозӣ, виросторҳои матнӣ, трансляторҳо (тарҷумонҳо), махзани зербарномаҳо, утилитҳо (барномаҳои ёрирасон) ва барномаҳои хидматӣ.