Унсурҳои забони барномасозӣ
Дар сохтори ҳар забони барномасозӣ усулҳои тасвири маълумот, дастурҳо ва амалҳо бо онҳо муайян мешаванд. Ба ғайр аз номи дастурҳо ва ишораи амалҳо, ба унсурҳои забон маҷмуи аломатҳо (алифбо), калимаҳои хидматӣ ва воситаҳои визуалигардонӣ ҳам дохил мешаванд. Забонро ба се ҷузъи асосӣ тақсим мекунанд: алифбо, синтаксис, семантика (аз дарси 1 медонед).
Риояи қоидаҳои синтаксис ва семантика ҳатмист, зеро компютр қоидаҳо ва дастурҳои додашударо айнан ва худкор иҷро мекунад. Ӯ хатоеро ислоҳ карда наметавонад: танҳо ҷойи хаторо нишон медиҳад ва дар бораи навъи он маълумот медиҳад. Бинобар ин дар рамзи барномавӣ унсури нолозим ва зиёдатӣ намешавад.
Таснифи забонҳо
Забонҳои барномасозиро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: сатҳи паст ва сатҳи олӣ. Забонҳои сатҳи пастро (мошинӣ, ассемблер) барномасозони ғайрикасбӣ қариб истифода намебаранд, бинобар ин мо ба забонҳои сатҳи олӣ диққат медиҳем.
Забонҳои сатҳи олӣ барои зуд ва осон таҳия кардани барномаҳо мебошанд. Дастурҳои онҳо ба қоидаҳои забони воқеӣ ва тарзи муоширати одамон хеле наздиканд. Бо онҳо барномаҳои мураккаб месозанд: барномаҳои системавӣ, виросторҳои матнӣ ва графикӣ, ҷадвалҳо, бозиҳои маҷозӣ, графикаи компютерӣ ва ғайра.
Дастурҳои забонҳои сатҳи олӣ барои платформаҳои мушаххас (системаҳои амалиётӣ) тарҷума мешаванд, вале худи барномасоз сохти дохилии платформаро донистанаш шарт нест.
Афзалиятҳои забонҳои сатҳи олӣ
- Синтаксис ва семантикаи онҳо ба қоидаҳои забони табиӣ хеле монанд аст ва ҳатто аз мафҳумҳо ва калимаҳои хидматии он истифода мебаранд.
- Дастурҳои онҳо нисбат ба рамзҳои мошинӣ ва забонҳои сатҳи паст кӯтоҳтар навишта мешаванд.
- Хатоҳои синтаксисиро фавран меёбанд ва ислоҳашон осон аст.
- Барномасоз хусусиятҳои платформаи мушаххасро донистан шарт нест.
Забонҳои сатҳи олӣ ҷузъи муҳимтарини технологияҳои иттилоотианд. Забонҳои маъмули имрӯза – Python, Java, JavaScript, C# – барои сохтани системаҳои мураккаб, вебзамимаҳо, барномаҳои зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои нав афзори махсус медиҳанд.
Худатон озмоед
Ҳар корт – як забон ё хусусият. Онро ба гурӯҳи мувофиқ гузоред.