Махзанҳо (модулҳо)
Python забони универсалист: онро дар веб, махзанҳои маълумот ва ҳисобҳои илмӣ истифода мебаранд. Он асосан барои сермахзан буданаш машҳур шудааст. Махзан (китобхона, библиотека) – маҷмуи рамзи тайёр: ҳар парвандаи махзан як ё якчанд функсияро аллакай барномарезӣ кардааст. Нав навиштанашон лозим нест – танҳо онҳоро даъват мекунем.
- math – модули асосии математикӣ: ҷамъ, экспонента, решаи квадратӣ, синус…; мо онро бештар истифода мебарем;
- numpy – амал бо матритсаҳо (дар боби 3 ва 4 истифода мебарем);
- scipy – афзори илмӣ; statsmodels – ҳисобҳои оморӣ; scikit-learn – омӯзиши мошинӣ, зеҳни сунъӣ.
Барои истифодаи махзан онро аввал ворид мекунанд (import). Номи навъи маълумотро пешакӣ эълон кардан лозим нест (дарси 5); танҳо махзанҳои иловагӣ ворид мешаванд. Номи функсияҳо бо ҳарфҳои хурди лотинӣ навишта мешавад.
Функсияҳои модули math
| Дар Python | Дар математика |
|---|---|
acos(x), asin(x), atan(x) | арккосинус, арксинус, арктангенс |
atan2(y, x) | арктангенси |
ceil(x) | то хурдтарин адади бутуне, ки аз хурд нест (ба боло) |