Python: чӣ ва кай
Забони Python (пайтон) охири асри XX сохта шудааст: соли 1989 олими ҳолландӣ Гвидо ван Россум дар Маркази математика ва информатикаи Нидерландия онро офарид. Дар аввал Python танҳо дар системаи амалиётии Amoeba кор мекард; имрӯз он дар ҳар системаи амалиётӣ кор мекунад.
Аз соли 1989 то имрӯз аз 20 зиёд нусхаи Python баромадааст. Баъзеашон:
| Нусха | Сол |
|---|---|
| Python 1.0 | 1994 |
| Python 1.5 | 1997 |
| Python 1.6 | 2000 |
| Python 3.0 | 2008 |
| Python 3.1 | 2009 |
| Python 3.3 | 2012 |
| Python 3.7 | 2018 |
| Python 3.10 | 2021 |
| Python 3.11 | 2022 |
Сохтори барнома
Барномаи Python аз маҷмуи иборат аст. Ҳар модул – пайдарпайии дастурҳои ба ҳам алоқаманд. Модулҳоро дар парвандаҳои навъи нигоҳ медоранд: ин парвандаҳоро дар ҳар барномаи дигари Python ҳамчун қисми таркибӣ истифода бурдан мумкин аст.