Скрипт
Скриптҳоро бештар барои худкорсозии амалҳои такроршаванда истифода мебаранд. Онҳо дар шакли парвандаҳо нигоҳ дошта мешаванд (пасванди .py). Рамзҳои калонро одатан дар реҷаи скриптҳо менависанд, дурустии қисмҳояшонро дар реҷаи интерактивӣ месанҷанд: ин самараи бештар медиҳад.
Таҳия ва нигоҳ доштан
- Муҳаррири матниро кушоед: IDLE, «Блокнот», WordPad ё дилхоҳи дигар.
- Матни барномаро нависед:
Натиҷа:
- Парвандаро бо номи
code.pyсабт кунед.
Дар IDLE: File (Парванда) → New File (Парвандаи нав) – равзанаи муҳаррир кушода мешавад. Рамз аз кунҷи чапи боло навишта мешавад; ҷойи аломати ҳуруфчинӣ бо курсор нишон дода мешавад.
Ду роҳи иҷро
Роҳи 1: сатри дастурҳои системаи амалиётӣ. Дар Windows: Win + R, cmd, Enter (ё Win → cmd). Баъд бо cd ба ҷузвдоне гузаред, ки code.py дар он аст, ва нависед python code.py.
Агар python кор накунад, дар Windows py code.py-ро санҷед.
Роҳи 2: IDLE. Парвандаро дар IDLE кушоед ва менюи Run → Run Module (ё тугмаи F5)-ро пахш кунед.
Дар IDLE пеш аз натиҷа сатри системавии === RESTART: … === пайдо мешавад: он ҷои парвандаро нишон медиҳад ва ба барнома тааллуқ надорад.
Мисолҳо
Мисоли 1. Скрипт барои ҳисоби ҳангоми