Ҳадафҳои фасл
Дар охири фасли 1.1 шумо бояд:
Донед:
- адади сода ва адади таркибӣ чист;
- зарбшавандаи умумӣ ва тақсимкунандаи умумӣ чист;
- тақсимкунандаи умумии калонтарин (ТУК) чист.
Тавонед:
- тақсимкунандаҳои ададро ёбед;
- адади таркибиро ба зарбшавандаҳои сода ҷудо кунед;
- тақсимкунандаи умумии калонтарини ду ё зиёда ададро ёбед;
- бе тақсим, бо нишонаҳои тақсимшавӣ муайян кунед, ки адад ба 2, 5, 10, 3 ва 9 тақсим мешавад ё не.
Фаҳмед, ки:
- адади дилхоҳро ҳамчун ҳосили зарби якчанд адади дигар ифода кардан мумкин аст (ба зарбшавандаҳо ҷудо кардан);
- якчанд адад метавонанд ба як ва ҳамон адад — тақсимкунандаи умумӣ — тақсим шаванд;
- дар бисёр масъалаҳои математикӣ ва вазъиятҳои воқеӣ истифодаи ТУК нисбат ба тақсимкунандаҳои дигар муносибтар аст;
- нишонаҳои тақсимшавӣ имкон медиҳанд, ки дар ҳолатҳои воқеӣ қарорро зудтар қабул кунем ва ҳамаи тақсимкунандаҳоро ёбем.
Худро арзёбӣ кунед. Дар дафтар ҳар як ҳадафро бо аломатҳо ишора кунед: + (ҳамаашро медонам), ± (қисман), – (ҳоло не). Саволи «Кадом ҳадафҳоро ба даст овардед ва кадомашро не?» ба худатон диҳед.
Кор дар синф
Машқҳо
Агар ёрӣ лозим бошад
1. Аз байни тақсимкунандаҳои ҷуфти ададҳои додашуда ҳамаи тақсимкунандаҳои умумиро ҷудо кунед.
- а) Тақсимкунандаҳои 4: 1, 2, 4. Тақсимкунандаҳои 6: 1, 2, 3, 6.
- б) Тақсимкунандаҳои 7: 1, 7. Тақсимкунандаҳои 4: 1, 2, 4.
- в) Тақсимкунандаҳои 12: 1, 2, 3, 4, 6, 12. Тақсимкунандаҳои 6: 1, 2, 3, 6.
- г) Тақсимкунандаҳои 9: 1, 3, 9. Тақсимкунандаҳои 18: 1, 2, 3, 6, 9, 18.
Барои ҳама
2. Хатоҳоро дар ёфтани тақсимкунандаҳое, ки адади додашударо ташкил медиҳанд, муайян кунед (ададҳои зиёдатӣ ё нарасида). Рӯйхатҳои дурустро нависед.
- а) Барои 30: 1, 2, 4, 5, 6, 7, 30.
- б) Барои 25: 1, 5, 25.
- в) Барои 52: 1, 2, 4, 13, 26, 52.
- г) Барои 56: 1, 2, 4, 14, 56.
- ғ) Барои 24: 1, 2, 3, 4, 8, 13, 24.
- д) Барои 43: 1, 2, 43.
★ Барои ҳавасмандон
3. а) 165 нафар коргар ба истироҳатгоҳи «Хоҷа оби гарм», 99 нафар ба истироҳатгоҳи «Баҳористон» ва 66 нафар ба истироҳатгоҳи «Зумрад» мераванд. Бо ин мақсад автобусҳои миқдори ҷойи нишасташон якхела ҷудо карда шуданд. Баъди ба автобусҳо баробар нишастани коргарон маълум шуд, ки ҳамаи ҷойҳои нишаст банд шуда, касе бе ҷой намондааст. Муайян кунед, ки ҳамагӣ чанд автобус ҷудо карда шудааст ва автобусҳо чанд ҷойи нишаст доранд.