Тарзи дуюм
Мисол:
- Тарҳкунандаро ба ҷамъшавандаҳои разрядӣ ҷудо кунед:
- Тарҳро аз рӯйи разрядҳо иҷро кунед:
- садиҳоро тарҳ кунед:
1 соат
Мисол:
Ҷавоб:
Супориши 15. Кори дунафара. Тарзи 1 ва тарзи 2-ро муқоиса кунед. Онҳо чӣ монандӣ ва чӣ фарқ доранд?
Масалан, пас
Тарҳ дар нури ададӣ. Тарҳи ададҳои натуралиро бо воситаи нури координатӣ маънидод намудан мумкин аст. Бигузор аз адади 13 тарҳ кардани адади 7 талаб карда шуда бошад. Дар нури координатӣ нуқтаи A(13)-ро қайд мекунем. Аз он ба андозаи 7 порчаи воҳидӣ ба самти чап ҷой иваз намуда, ба нуқтаи B(6) меоем. Бинобар ин аст (расми 1).
Мисоли 4. Нуқтаи C порчаи AB-ро ба ду ҳиссаи AC ва CB ҷудо мекунад (расми 2). Бигузор AB = 18 см буда, он аз дарозии порчаи CB 3 см зиёд бошад. Дарозии порчаи AC-ро ёбед.
Азбаски аст, пас дарозии порчаи CB = 15 см аст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки AC = см аст.
Мисоли 5. Масоҳати шакли дар расми 3 тасвирёфта 124 см² аст. Масоҳати квадрати он 64 см² мебошад. Масоҳати росткунҷаи дар шакл тасвирёфта ба чанд баробар аст?
Азбаски аст, пас масоҳати росткунҷа ба 60 см² баробар мебошад.
Супориши 18. Кори фардӣ. Ҳадафҳоеро, ки шумо бояд дар охири фасл ба даст оред, баррасӣ кунед.
Машқи «Бақияро бо варақаҳо ёбед» (дарси 1/4)-ро такрор кунед.
Дар синф
1. Қимати номаълумро аз баробарӣ ёбед:
2. Аз ду майдони пахта 85 тонна ҳосил ғундоштанд. Аз майдони якум 58 тонна ҳосил ғундоштанд. Аз майдони дуюм назар ба майдони якум чӣ қадар камтар ҳосил ғундоштанд?
3. Периметри росткунҷа ба 240 м баробар аст. Яке аз тарафҳо 80 м буда, тарафи дигараш м аст. Дарозии тарафи дигари росткунҷаро ёбед.
Дар хона
4. Қимати ифодаи -ро ҳангоми будан ёбед. Онро бо қимати ифодаи муқоиса намоед.
5. Периметри секунҷа 76 см аст. Яке аз тарафҳояш 26 см, тарафи дуюмаш 8 см дарозтар мебошад. Тарафи сеюми секунҷаро ёбед.
6. Периметри чоркунҷаи ABCD ба 480 м баробар аст. Тарафи AB ба 124 м баробар буда, он аз тарафи BC 80 м дарозтар аст. Дарозии тарафи CD ба суммаи дарозиҳои AB ва BC баробар аст. Дарозии тарафи AD-ро ёбед.
№ 4–6. Дарси оянда: «3.2 · 4/4. Масъалаҳо ва санҷиш».
Супориши 14. Дар баробари бо тарзи «таг ба таг» тарҳ кардани ададҳо, шумо метавонед тарҳкунандаро ба ҷамъшавандаҳои разрядӣ ҷудо кунед ва бо ин роҳ аз рӯйи разрядҳо тарҳ кунед. Истифодаи ин тарз осонтар аст, вақте ки ба мо аз разряди оянда қарз гирифтан лозим нест.
Супориши 16. Тарзи дуюмро дар мисоли санҷед:
Шумо хулосаи умумиро ба анҷом расонидед. Ин фаслро чӣ ном мегузоред?
Номи худро бо номи курс муқоиса кунед: «Тарҳи ададҳои бисёррақама».
Барои ёфтани ҷамъшавандаи номаълум аз сумма (ҳосили ҷамъ) ҷамъшавандаи маълумро тарҳ кардан лозим аст.
Барои адади дилхоҳи баробарии дуруст аст. Аз ин ҷост, ки ё ки мешавад.
Шумо худро дар айни замон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Кадом ҳадафҳоро пурра ба даст овардаед (+), кадомашро қисман (±) ва кадомашро то ҳол не (–)?
Супориши 19. Агар шумо то ҳол ҳадафҳои зиёде дошта бошед, ки ба онҳо ноил нашудаед, пас аз супоришҳо «Барои онҳое, ки ба ёрӣ ниёз доранд» оғоз кунед. Агар шумо ба аксари ҳадафҳои худ расидаед ё қариб расидаед, пас аз супоришҳо «Барои ҳама» оғоз кунед.
Номаълумро аз баробарӣ ёбед: .
Супориши 17. Ин тарзро барои тарҳ дар зеҳн истифода баред: Ҷавобҳоро бо ҳамсинфатон санҷед.