Татбиқ мекунем
Супориши 13. Кори фардӣ. Ҳадафҳоеро, ки шумо бояд дар охири фасл ба даст оред, баррасӣ кунед.
Барои онҳое, ки ба ёрӣ ниёз доранд
Саволҳои дарсҳои «3.1 · 1/3» ва «2/3»-ро такрор кунед ва машқи «Ҷамъшавандаҳоро гурӯҳбандӣ кунед»-ро иҷро кунед.
Барои ҳама
Барои онҳое, ки мехоҳанд масъалаи мураккабтар ҳал намоянд
Машқҳо
Дар хона
1. Дарёи Зарафшон аз хоки Тоҷикистону қаламрави Ӯзбекистон мегузарад. 316 километри дарозии он ба қаламрави Тоҷикистон ва 561 км ба хоки Ӯзбекистон рост меояд. Дарозии дарёи Зарафшон чанд км аст?
Барои боҳавасон
2*. Дар навиштаҳо АБ адади дурақама, БВВ — адади серақама, ВДАЕ — адади чоррақама ва АЕСВЕ — адади панҷрақамаро ифода менамоянд. Ҳарфҳои якхела рақамҳои баробар, вале ҳарфҳои гуногун рақамҳои гуногунро мефаҳмонанд. Ададеро ёбед, ки: а) АБ + А = БВВ; б) ВДСЕ + ВДАЕ = АЕСВЕ аст.
3. Адади 8-ро бо чанд тарз ҳамчун суммаи чор адади тоқ навиштан мумкин аст? Рақамҳо такрор шуда метавонанд. Ҳамаи ҳолатҳоро биёред.
4*. Адади 20-ро бо чанд тарз ҳамчун суммаи ду адади ҷуфт навиштан мумкин аст? Навиштҳое, ки аз ҳам бо тартиби ҷойгиршавии ҷамъшавандаҳо фарқ мекунанд, якто ҳисобида мешаванд.
5*. Дар мусобиқаи шатранҷ 6 нафар ширкат варзид. Ҳар кадоме аз иштирокчӣ бо ҳарифаш танҳо 1 бозӣ гузаронид. Ҳамагӣ чанд бозӣ баргузор гашт?
6*. Кубчаи чӯбини рангкардашудаи теғааш 5 сантиметрро ба кубчаҳои теғаҳояшон 1 сантиметрӣ бурида ҷудо карданд (расми 1). Чандто кубчаи: а) як рӯяаш рангин; б) ду рӯяаш рангин; в) се рӯяаш рангин ҳосил шуд? Чанд дона кубча умуман беранг аст?
7. Ҳамаи ададҳои серақамаеро нависед, ки онҳо танҳо аз рақамҳои 1, 2 ва 3 тартиб ёфта гуногун бошанд. Суммаи ин ададҳо чанд аст?
Машқҳо барои такрор
8. Масоҳати сатҳи Баҳри тоҷик 520 км² буда, масоҳати сатҳи Қарокӯл аз он 140 км² камтар аст. Масоҳати Қарокӯл чанд км² мебошад?
9. Яке аз тарафҳои секунҷа 3 см 6 мм, тарафи дигари он 2 маротиба дарозтар буда, тарафи сеюмаш 9 см 5 мм мебошад. Периметри секунҷаро ёбед.
10. Амалҳоро иҷро намоед:
- а)