Хулоса мебарорем
Супориши 9. Кори дунафара. Он чизе ки шумо ҳоло мушоҳида кардед, «хосиятҳои ҷамъ» номида мешавад.
Супориши 10. Кори дунафара. Ба супориши 8 баргардед. Ду мисоли аввалро баррасӣ кунед. Дар кадом сутун мисолро ҳал кардан осонтар буд? Чаро?
Супориши 11. Кори дунафара. Боз ба мисолҳои гурӯҳбандӣ нигаред. Ҳалли кадом мисолҳо барои шумо осонтар буд? Чаро?
Оё шумо метавонед ба саволи калидӣ ҷавоб диҳед?
Қонунҳои ҷамъ
Хосиятҳои ҷамъро қонунҳои ҷамъ низ меноманд.
Шаҳри Бохтар дар байни шаҳри Душанбе ва шаҳраки Дӯстӣ воқеъ аст (расми 1). Масофа аз Душанбе то Бохтар 99 км, аз Бохтар то шаҳраки Дӯстӣ 60 км мебошад. Бинобар ҳамин, масофа аз Душанбе то шаҳраки Дӯстӣ километр аст. Агар мо бо ҳамин роҳ аз шаҳраки Дӯстӣ то Душанбе омаданӣ шавем, аввал 60 км масофаи байни шаҳраки Дӯстиву шаҳри Бохтарро, баъд аз ин 99 км масофаи байни шаҳрҳои Бохтару Душанберо тай хоҳем кард. Ҳамагӣ масофаи ба км баробарро тай мекунем. Вале, масофа аз шаҳраки Дӯстӣ то пойтахти ҷумҳурӣ ба масофа аз пойтахти ҷумҳурӣ то шаҳраки Дӯстӣ баробар аст. Аз ин рӯ, навишта метавонем: