Онҳоро ин тавр иҷро кунед:
- Супориши 2. Кори гурӯҳӣ. Дар лавҳа кадом аломатҳо ҳастанд? Кадомашон такрор мешаванд? Тахмин кунед, ки онҳо чӣ қимат доранд.
- Супориши 3. Кори фардӣ. Бо ёрии ҷадвали поён адади XXXIV-ро хонед. Ишора: XXX = 10 + 10 + 10, IV = 5 – 1.
- Супориши 4. Кори гурӯҳӣ. Адади XLVIII-ро хонед. Чаро дар аввал XL навишта шудааст?
- Супориши 5. Кори фардӣ. Акнун -ро бо рақамҳои худамон ҳисоб кунед.
- Супориши 6. Кори гурӯҳӣ. Ба фикри шумо, ҳисоб кардан бо кадом навишт осонтар аст: бо рақамҳои римӣ ё бо рақамҳои мо? Чаро?
Мушоҳида мекунем
Хулоса мебарорем
Супориши 11. Кори дунафара. Акнун ба саволи калидӣ ҷавоб додан барои шумо осон аст? «Системаи ҳисоби римиро чӣ гуна истифода бурдан мумкин аст?»
Супориши 12. Кори дунафара. Қоидаҳоеро, ки ҳангоми мушоҳида кашф кардаед, нависед:
Ҳамин қоидаҳоро муфассалтар чунин навиштан мумкин аст. Тарзи нумеронии римӣ, ки дар замони мо истифода бурда мешавад, ин гуна оғоз меёбад: I, II, III. Барои ифодаи ададҳои минбаъда рақамҳои нав истифода мешаванд, ки воҳидҳои калонро ифода мекунанд: V, X, L, C, D, M (панҷ, даҳ, панҷоҳ, сад, панҷсад, ҳазор). Бо ёрии ин рақамҳо, инчунин бо истифода аз ҷамъу тарҳ дар доираи нумеронии римӣ ададҳо ва рақамҳои дигарро навиштан мумкин аст. Дар ин маврид бояд қоидаҳои зерин риоя шаванд:
- Агар рақами хурд пас аз рақами калон навишта шавад, бо рақами калон илова карда мешавад. Масалан, VII — ҳафт, XV — понздаҳ, LX — шаст.
- Агар рақами хурд пеш аз рақами калон навишта шавад, аз рақами калон тарҳ карда мешавад. Масалан, IV — чор, IX — нӯҳ, XL — чил.
- Ду ё се рақами якхелаи паҳлуи ҳам навишташуда маънои онро дорад, ки ин рақамҳо ҷамъ мешаванд. Масалан, III — се, XX — бист, CCC — сесад.
- Рақами дилхоҳро аз се маротиба бештар пайиҳам истифода бурдан мумкин нест.
Мисол: MCMXCV — 1995, XXXVI — 36, MCCCXII — 1312.
Мисоли 1. XLVIII = 40 + 8 = 48, XXXIV = 30 + 4 = 34.