2.1 · 2/3. Разрядҳо ва синфҳо - Математика — синфи 5
2. Ададҳои бисёррақамава ҷамъи онҳо
2.1 · 2/3. Разрядҳо ва синфҳо
1 соат
Назария
Дарси 2 аз 12
Хониш: 13 дақиқа
Саволҳо: 5
Разрядҳо ва синфҳо
Ҳар як адади натуралиро ба воситаи даҳ рақам: 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 навиштан мумкин аст. Чунин тарзи ифодаи адад навишти даҳии адад ном дорад. Дар ин навишт қимати рақам аз ҷойи ишғолкардаи он вобаста аст. Масалан, агар рақами 5 дар охири адад ҷойгир бошад, 5 якӣ (воҳид)-ро ифода менамояд. Агар аз охири адад дар ҷойи дуюм омада бошад, 5 даҳиро нишон медиҳад, агар аз охири адад дар ҷойи сеюм ҷойгир бошад, 5 садиро ифода менамояд ва ғайра.
Ададҳои дурақама (аз 10 то 99) аз шумораи муайяни якиҳо ва даҳиҳо иборатанд. Масалан, адади 12 аз 1 даҳӣ ва 2 якӣ, адади 44 аз 4 даҳӣ ва 4 якӣ, адади 50 аз 5 даҳӣ иборатанд.
Ададҳои серақама (аз 100 то 999) ба ғайр аз якиҳо ва даҳиҳо боз рақами садиҳо низ доранд. Масалан, адади 247 аз 2 садӣ, 4 даҳӣ ва 7 якӣ иборат мебошад. Адади 606 аз 6 садӣ ва 6 якӣ иборат аст. Адади 700 танҳо 7 садиро дарбар гирифтааст.
Ададҳои чоррақама (аз 1000 то 9999) бар замми якиҳо, даҳиҳо ва садиҳо боз ҳазориҳоро низ доранд ва ғайра. Ҳамин тавр, ҷойи ишғоли рақамро дар навишти даҳии адад разряд меноманд.
Барои хондани ададҳои бисёррақама онҳоро аз рост ба чап ба разрядҳо ва синфҳо ҷудо менамоянд. Се рақами охири адад (якиҳо, даҳиҳо ва садиҳо) синфи воҳидҳо (якиҳо) номида мешавад. Се рақами минбаъдаи дар самти чапи синфи якиҳо ҷойгирбуда (ҳазориҳо, даҳҳазориҳо, садҳазориҳо) синфи ҳазориҳоро ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, разрядҳои миллион, даҳ миллион ва сад миллионро ифодакунанда синфи миллиониҳо, се рақами минбаъда синфи миллиардиҳо номида мешаванд ва ғ.
Ҷойҳои холиро дар ҷадвали разрядҳо ва синфҳо пур кунед:
Бинобар ҳамин, дар Мисоли 2 шумораи миллиониҳои адад бо се сифр навишта шуд. Ғайр аз ин, пеш аз рақами якиҳо низ ду маротиба 0 гузоштем.
Мисоли 3. Адади «ҳафтсаду ҳафт миллиарду понздаҳ миллиону як ҳазор»-ро бо рақамҳо менависем: 707 015 001 000.
Ададҳои калон ва номҳои онҳо
Ном
Адад
ҳазор
1 000 (3 сифр)
миллион
1 000 000 (6 сифр)
миллиард
1 000 000 000 (9 сифр)
триллион
1 000 000 000 000 (12 сифр)
квадриллион
1 ва 15 сифр
квинтиллион
1 ва 18 сифр
секстиллион
1 ва 21 сифр
септиллион
1 ва 24 сифр
октиллион
1 ва 27 сифр
нониллион
1 ва 30 сифр
дециллион
1 ва 33 сифр
Ҳар номи нав аз номи пешина 1 000 маротиба калон аст: 1 миллион = 1 000 ҳазор, 1 миллиард = 1 000 миллион, 1 триллион = 1 000 миллиард.
Ҷамъшавандаҳои разрядӣ
Супориши 11. А. Адади 128-ро бо калимаҳо нависед. Б. Дар адади 128 рақами 2 чиро ифода мекунад? В. Қимати ҳар як рақамро тавассути разрядҳо нависед: 1 — як садӣ, 2 — ду даҳӣ, 8 — ҳашт якӣ.
Масалан, 374=300+70+4 ё ки 374=3⋅100+7⋅10+4.1987=1⋅1000+9⋅100+8⋅10+7. Бо ибора, адади як ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ҳафт аз 1 ҳазорӣ, 9 садӣ, 8 даҳӣ ва 7 якӣ иборат аст.
15. Агар 1 соат аз 60 дақиқа ва як дақиқа аз 60 сония иборат бошад, 1 шабонарӯз, 1 ҳафта, 1 моҳ (моҳи 30-рӯза) аз чанд сония иборат аст?
Машқҳо барои такрор
16. Дарозии дарёи Сир 2 663 км буда, дарозии дарёи Аму аз он 369 км кӯтоҳтар аст. Агар дарозии дарёи Панҷ аз дарозии Аму 1 373 км кӯтоҳ бошад, дарозии дарёи Панҷ чанд км аст?