Форма
То ҳол мо иттилоотро нишон медодем. Акнун дохил кардани иттилоот: ин корро форма (шакл) мекунад. Дар ин мавзӯъ «форма» ва «шакл» як маъно доранд. Бо форма саҳифа аз корбар иттилоот мегирад: матни озод, ҷавоби «ҳа»/«не», интихоби як амал аз якчанд. Мисол: назарсанҷӣ, фармоиш, бақайдгирӣ.
Теги <form>
Ҳар форма бо <form> сар мешавад ва бо </form> тамом мешавад. Ду хосият:
| Хосият | Таъйинот |
|---|---|
action | суроғаи URL-и барномаи коркард (скрипт); агар набошад, – суроғаи ҳамин саҳифа |
method | усули фиристодан: post – маълумот алоҳида аз суроға меравад; get – бо суроға якҷоя |
Мисол: <form method="post" action="/cgi-bin/comment_script">. Дар як саҳифа якчанд форма буда метавонад, вале як форма дар дохили дигар не.
Дар дохили формаи курс «Фиристодан» ҳеҷ ҷо намефиристад: он ҷадвали «name = қимат»-ро нишон медиҳад, то бибинед, ки браузер чиро меравонд. Танҳо майдонҳои номдор (бо name) мераванд.
Се теги майдон
| Тег | Майдон |
|---|---|
<textarea> | матни бисёрсатра |