Чандрасонаӣ чист
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одам аз он чӣ мешунавад, камтар дар хотир нигоҳ медорад, аз он чӣ мебинад – бештар, ва вақте ҳам мебинад ва ҳам мешунавад, боз ҳам бештар. Бинобар ин сомонаҳоро бо расм, садо ва видео пур мекунанд: ин онҳоро осонфаҳм, хотирмон ва зебо мекунад.
Сахтафзор. Воситаҳои асосӣ: компютер бо протсессори тавоно, хотираи фаврии калон, диски сахти калонҳаҷм, манипуляторҳо ва видеоадаптер. Воситаҳои махсус: дастгоҳҳои CD-ROM, CD-R, CD-RW, DVD, DVD-RW, TV-тюнерҳо, вусъатдиҳандагони графикӣ (аз ҷумла барои графикаи сеченака), платаҳои садоӣ ва видеоӣ, системаҳои акустикӣ (баландгӯяк, гӯшмонак, динамик).
Нармафзор. Барномаҳои таҳрири тасвирҳои видеоӣ, таҳрири касбии графика, воситаҳои сохтан, навиштан ва таҳрири садо, барномаҳо барои тағйири тобиши ранги тасвирҳо ва барномаҳои истифодаи абарматнҳо.
Чандрасонаӣ бо ду шакли таъминот – сахтафзор ва нармафзор – кор мекунад. Яке аз аввалин соҳаҳои татбиқи чандрасонаӣ – бозиҳои компютерӣ: дар ҳамаи бозиҳои имрӯза графикаи сифати баланд, аниматсия, садо ва мусиқӣ ҳатман истифода мешавад. Инчунин курсҳои омӯзишии интерактивӣ, энсиклопедияҳо, тренажёрҳо, реклама ва намойишномаҳои электронӣ.