HTML ва санади абарматнӣ
HTML (HyperText Markup Language) – забони нишонагузори абарматнҳо. Бо он санадҳои абарматниро месозанд ва дар WWW (торнигори анкабути ҷаҳонӣ) нашр мекунанд.
Абарматн (гиперматн) – матни санад, ки бо матнҳои санадҳои дигар пайваст аст. Ин пайвандҳоро абарпайвандҳо меноманд: шумо ба абарпайванд пахш мекунед ва браузер ба санади дигар мегузарад. Бо ҳамин принсип миллионҳо санади Интернет ба ҳам пайванд шудаанд.
Тегҳо чиро муайян мекунанд? Сарлавҳаро аз матни асосӣ ҷудо мекунанд, ранги ҳуруф ва замина, андоза ва тарзи ҳарфҳоро таъин мекунанд, расм, ҷадвал, садо ва абарпайванд илова мекунанд. Худи расм ва садо дар парвандаҳои алоҳида меистанд; тегҳо ба онҳо ишора мекунанд. Браузер тегҳоро мехонад ва дар экран матн, расм ва дигар чизҳоро нишон медиҳад.
Ду роҳи сохтани санад
Мо дар ин боб роҳи якумро меомӯзем: аз он шумо мефаҳмед, ки дар зери ҳар саҳифа чӣ ҳаст.
Парвандаи HTML
Парвандаи санади HTML насурати .htm ё .html дорад, масалан salom.html. Дар навишти тегҳо ҳарфҳои калон ва хурд фарқ намекунанд: <p> ва <P> як тег.
Тегҳо
Тегҳоро аксар вақт ҷуфт-ҷуфт менависанд: теги оғоз (start tag) ва теги анҷом (end tag). Намуди умумии тег:
Дар дохили қавсҳои кунҷдор номи тег ва, агар лозим бошад, хосиятҳо (атрибутҳо) меояд. Хосият ҳатмӣ нест. Он шакли ном="қимат" дорад; нохунакро метавон партофт, вале бо нохунак беҳтар аст. Қимати баъзе хосиятҳоро нишон додан ҳам шарт нест.
Теги анҷом аз теги оғоз бо хати моил (/) пеш аз ном фарқ мекунад ва хосият надорад: </номи_тег>.
Ду тег бе ҷуфт низ ҳастанд, масалан <br> (гузариш ба сатри нав): ба онҳо теги анҷом лозим нест.
Аломатҳои махсус
Ҳарфҳо, рақамҳо ва аломатҳои китобат дар матн озодона навишта мешаванд. Аммо чор аломат дар HTML маънои махсус дорад: < ва > (қавсҳои теги), & (амперсенд) ва " (нохунак). Агар онҳо худашон дар саҳифа дида шаванд, пайдарпайии рамзӣ менависанд: он бо & сар шуда, бо ; тамом мешавад.
| Рамз | Нишон медиҳад |
|---|