Барои чӣ расм?
Расм ва тасвирҳо саҳифаро ҷолиб мекунанд ва мазмунро зудтар ва беҳтар мерасонанд. Вале якчанд чизро ба ҳисоб гирифтан лозим аст:
- браузерҳо расмро танҳо дар форматҳои муайян нишон медиҳанд (дар замони пеш – GIF ва JPEG);
- парвандаҳои расмдор нисбатан суст бор мешаванд;
- рангҳо дар компютерҳои гуногун гуногун менамоянд.
Теги img
Теги <img> расмро дар саҳифа ба мисли як аломати калон ҷойгир мекунад. Ҷуфт надорад. Шакли он:
| Хосият | Таъйинот |
|---|---|
src | ҳатмӣ: суроғаи URL-и расм (мутлақ ё нисбӣ). Агар парванда дар ҳамон ҷузвдони санад бошад, номаш кифоя аст |
alt | матни алтернативӣ: ба ҷои расм пешниҳод мешавад |
align | ҷойгиршавии расм нисбат ба матн: top, middle, bottom, left, right |
border | ғафсии чорчӯбаи атрофи расм бо пиксел |
height | баландӣ: бо пиксел ё бо фоиз |
width | бар: бо пиксел ё бо фоиз |
hspace | фазои холӣ дар тарафи чап ва рости расм (пиксел) |