Сохтори ҷадвал
Тегҳои ҷадвал аслан барои додаҳо дар сатру сутунҳо сохта шудаанд. Ҷадвал ҳамеша росткунҷа аст: он аз сатрҳо иборат аст, ҳар сатр – аз катакҳо (ячейкаҳо). Ҳамааш дар байни <table> ва </table> меистад.
| Тег | Вазифа |
|---|---|
<table> | ҷадвали тамом |
<tr> | сатри ҷадвал |
<th> | катаки сарлавҳадор (дар мобайн, ғафс) |
<td> | катаки одӣ (аз чап, ҳуруфи маъмулӣ) |
<caption> | сарлавҳаи умумии ҷадвал |
Ҷадвал сатр ба сатр пур карда мешавад.
Катакҳои холӣ. Ду тарз: якум – контейнери холӣ <td></td>; дуюм – <td> </td> (фосилаи бефосила). Агар пешакӣ маълум бошад, ки ҳамаи катакҳои сатр пур намешаванд, катакҳои холиро навиштан лозим нест: кифоя аст, ки танҳо <tr> оварда шавад. Теги <tr> оғози сатри нав аст, бинобар ин браузер катакҳои холиро худаш илова мекунад.
Мисоли 1. Ҷадвал бо сарлавҳа, ду сарлавҳаи сутун ва ду сатри додаҳо:
Сарлавҳаҳо (<th>) дар мобайни катак бо ҳуруфи ғафс, додаҳо (<td>) аз канори чап бо ҳуруфи маъмулӣ радиф мешаванд.