Тегҳои асосӣ
Ҳар санади HTML бо теги <html> сар мешавад ва бо теги </html> тамом мешавад. Ҳар чизе, ки байни ин ду тег аст, як санади абарматниро ташкил медиҳад. Бе онҳо браузер ё барномаи дигар шакли санадро муайян карда наметавонад. Теги анҷом низ ба мисли теги оғоз муҳим аст: масалан, агар матни санад ба мактуби электронӣ замима шуда бошад, </html> ба барномаи мактуб фармон медиҳад, ки матнро ҳамчун рамзи HTML шарҳ додан бас кунад.
Санад аз ду қисм иборат аст: сарлавҳа (head) ва тан (body).
Сарлавҳаи санад
Сарлавҳа бо <head> кушода мешавад ва бо </head> баста мешавад. Он одатан баъд аз <html> меояд. Ҳатмӣ нест, вале ба браузер ва сервери HTTP иттилооти иловагӣ медиҳад. Ба экран аз он танҳо номи санад мебарояд.
Номи санад дар байни <title> ва </title> менависанд. Браузер онро дар сатри сарлавҳаи равзана ва дар варақа (вкладка, tab) нишон медиҳад. Барномаҳои ҷустуҷӯ ҳам онро барои шинохтани саҳифа истифода мебаранд. Бинобар ин ном бояд кӯтоҳ бошад, мазмуни саҳифаро дуруст нишон диҳад ва дар сатри сарлавҳа ҷо шавад.
Тани санад
Тан – қисми ҳатмӣ. Он байни <body> ва </body> меистад ва ҳамаи он чиро, ки дар саҳифа нишон дода мешавад, дар бар мегирад. Дар теги <body> хосиятҳои асосӣ ҳам навишта мешаванд: ранги замина, ранги матн ва ғайра.
Ҷадвали хосиятҳои body
| Хосият | Таъйинот |
|---|---|
link | ранги пайванди то ҳол истифоданашуда |
alink | ранги пайванди фаъол (дар лаҳзаи пахш) |
vlink | ранги пайванди истифодашуда (дида шуда) |