Абарпайванд
Асоси WWW – абарпайвандҳо. Онҳо бо ҷуфти тегҳои <a>…</a> сохта мешаванд. Ҳар чӣ байни онҳост (аломат, калима, ибора, қисми матн, расм) дар браузер ҳамчун абарпайванд шинохта мешавад. Пахш кардан ба он санади нав ё қисми дигари саҳифаи ҷориро мекушояд.
href – хосияти ҳатмӣ; қимати он суроғаи URL-и захираи дархостӣ аст. Нохунакро ҳам партофтан мумкин аст, вале беҳтар аст, ки гузоред.
- Нишонаи матнӣ – матне, ки ҳамчун пайванд қайд шудааст. Одатан зерхатдор аст; рангро муаллиф ё браузер таъин мекунад (хосиятҳои
link,vlink,alink-и<body>). - Нишонаи графикӣ (расмпайванд) – расм дар дохили
<a>. Он бо чорчӯбаи ҳамранги нишонаи матнӣ гирифта мешавад:<a href="example.html"><img src="dsx.gif"></a>.
URL-и мутлақ
URL мавқеи объектро дар шабакаи саросарӣ якқимата муайян мекунад. Шакли умумӣ (қисми дар қавсҳои росткунҷа ҳатмӣ нест):
Ин URL-и мутлақ аст: он мавқеъро пурра тасвир мекунад.
| Ҷузъ | Таъйинот |
|---|---|
| протокол | http, ftp, file ва ғайра |
| суроғаи гиреҳ | номи домен ё IP-суроғаи компютер |
| порт | номи порти ғайристандартӣ |
| роҳ | роҳ ба захираи зарурӣ |
| парванда | номи парвандаи HTML ё захираи дигар |