Хулосаи боб
- Сахтафзор – воситаҳои техникии компютер. Комплекти минималӣ: блоки системавӣ, монитор, сафҳакалид, муш. Нозир кори таҷҳизотро идора мекунад.
- Микропротсессор – мағзи компютер. Маҳсулнокӣ: зуддии зарба (МГс, ГГс; 1 ГГс = 1 000 МГс) ва разряднокӣ (8, 16, 32, 64 бит). Сопротсессор – ёвар барои масъалаҳои махсус.
- Хотира: дохилӣ (ROM, CMOS, RAM, кэш, видеохотира) ва беруна (дискҳо, флеш, фитта). Хосиятҳо: зудкорӣ ва ғунҷоиш; 1 байт = 8 бит, ҳар воҳиди калонтар – 1 024 маротиба.
- Дискҳо: дискет (1,44 Мбайт), Zip, CD-ROM (аз 640 Мбайт), винчестер (диски асосӣ), стример, флеш-корт.
- Чопгарҳо: матритсавӣ, рангпошанда, лазерӣ, 3D.