Хуш омадед ба синфи 7
Дар синфи 5 шумо бо компютер шинос шудед: хосиятҳо, имкониятҳо, қисмҳо ва таърихи кӯтоҳи он. «Компютер» дар аслӣ маънояш «таҷҳизоти ҳисоббарор» аст ва шумо онро маҳз аз ҳамин ҷиҳат омӯхтед. Имсол шумо бо паҳлуҳои дигари коркарди иттилоот шинос мешавед.
Дар синфҳои болоӣ шумо бо ҷадвалҳои электронӣ, графика, интернет, почтаи электронӣ, ҳифзи иттилоот ва барномасозӣ шинос мешавед.
Компютер – ёвари омӯзиш
Компютери фардие, ки болои миз гузошта шудааст, дар омӯзиш афзори беҳамто шуда метавонад. Бо он бояд ҳамон тавр рафтор кард, ки бо китоб, дафтар ва қалам.
Компютер метавонад устоди ҳалиму меҳрубон, вале сахтгир бошад. Метавонад рафиқи мушфиқ ва ҳамсафари устувор бошад. Дар масъалаҳои омӯзишӣ, таҳлилӣ ва фароғатӣ ёвари беминнат аст. Ҳар дастури шуморо бечунучаро ҳамчун фармон қабул мекунад ва бо суръати бениҳоят баланд, бо ҳар миқдор, фавран иҷро мекунад.
Ин хосиятҳо аз чӣ вобастаанд? Компютер чӣ тавр сохта шудааст? Аз кадом қисмҳо иборат аст? Ҷавоби ин саволҳо мавзуъҳои ин боб аст.
Компютер бо иттилоот чӣ мекунад
Компютер иттилооти воридшударо қабул мекунад, мешиносад, дар хотирааш нигоҳ медорад ва мувофиқи дастурҳои барнома бо он амалҳои гуногун иҷро мекунад. Яъне корбар бо иттилоот дар чор марҳала кор мекунад: дохилкунӣ, нигаҳдорӣ, коркард ва хориҷкунӣ.
Барои ҳар раванд сахтафзор ва нармафзори мувофиқ лозим аст. Маҷмуи афзорҳои техникии компютерро сахтафзор меноманд.
Сахтафзор ва нармафзор ҷудонашавандаанд: сахтафзор «бадан» аст ва нармафзор, яъне барномаҳо, ба он мегӯяд, ки чӣ кунад. Бе барнома сахтафзор кор намекунад ва бе сахтафзор барнома ҷое надорад.
Комплекти минималӣ ва блоки системавӣ
Ба компютери фардӣ сахтафзорҳои гуногунро насб кардан мумкин аст. Вале қисмҳои асосӣ инҳоянд: блоки системавӣ, монитор, сафҳакалид ва муш. Онҳо комплекти минималии компютерро ташкил медиҳанд.
Блоки системавӣ дар назари аввал аз ҳама камаҳаммият менамояд, вале дар асл аз ҳама асоситарин аст. Дар он тамоми таҷҳизоти марказӣ ҷойгир аст:
Таҷҳизоти беруна ва дохилӣ
Ба блоки системавӣ таҷҳизоти гуногуни дохилкунӣ ва хориҷкунӣ пайваст мекунанд. Қисми зиёди онҳо аз берун пайваст мешаванд ва таҷҳизоти беруна ном доранд:
- монитор – иттилооти матнӣ ва графикиро дар экран нишон медиҳад;
- сафҳакалид – барои дохил кардани иттилоот ва фармонҳо;
- муш – манипулятор барои зуд додани дастур ва идораи барномаҳо;
- ҷойстик – манипулятор барои идораи бозиҳои компютерӣ;
- чопгар – иттилооти матнӣ ва графикиро ба коғаз мебарорад;