Чопгар чист
Чопгар (принтер, printer) – дастгоҳест, ки иттилоотро ба коғаз чоп мекунад. Бо он на танҳо иттилооти матнӣ, балки графикиро низ мебароранд. Мисли мониторҳо, чопгарҳо иттилоотро ҳам ранга, ҳам сиёҳу сафед чоп мекунанд. Чопгарҳои ранга аз муқаррарӣ қиматтаранд.
Вобаста ба тарзи кор чопгарҳо матритсавӣ, рангпошанда, лазерӣ ва 3D мешаванд.
Чопгари матритсавӣ
Солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта чопгари матритсавӣ аз ҳама маъмул буд. Сифати чопи он аз дигар навъҳо паст аст ва ҳангоми кор садои баланд мебарорад. Азбаски нархи он аз ҳама арзон аст, онро то ҳол дар баъзе корхонаву муассисаҳо вомехӯранд.
Принсип: қисми чопкунандаи он аз қатори сӯзанчаҳои борики металлии амудӣ иборат аст ва бо самти сатри чопшаванда ҳаракат мекунад. Дар лаҳзаи зарурӣ сӯзанчаҳо аз болои лентаи ранг ба коғаз зарба мезананд ва аломату тасвирҳо ташаккул меёбанд.
Чопгари рангпошанда
Чопгари рангпошанда ҳоло барои компютерҳои фардӣ намуди аз ҳама паҳнгашта аст. Тасвири аломату расмҳо бо микроқатраҳои рангини махсус ташаккул меёбад, ки онҳо тавассути найчаҳои борик ба коғаз пошида мешаванд. Дар қисми чопкунанда аз 50 то 200 чунин микронайча ҳаст.
Мисли матритсавӣ, қисми чопкунанда ба самти уфуқӣ ҳаракат мекунад. Пас аз чопи ҳар сатр коғаз ба самти амудӣ ба пеш ҳаракат мекунад, ва дар коғаз пай дар пай тасвир пайдо мешавад. Сифати чопи рангпошанда аз матритсавӣ хеле баланд аст ва садои баланд намебарорад. Бо ёрии он чопи ранги аз ҳама арзонро ҳосил кардан мумкин аст.
Чопгари лазерӣ
Чопгарҳои лазерӣ сифати аз ҳама баланди чопи ранга ва сиёҳу сафедро таъмин мекунанд. Сифати чопи онҳо ба чопи типографӣ (чопхона) наздик аст. Дар онҳо принсипи ксерографӣ истифода мешавад: тасвири аломату расмҳо ба коғаз тавассути барабани махсус гузаронида мешавад, ки ба он зарраҳои хокаи (тонери) электризонидашуда мечаспанд.
Фарқи чопгари лазерӣ аз дастгоҳи ксерокопӣ: барабани он бо дастури компютер бо нури лазер электризонида (заряднок) мешавад. Чопгарҳои лазерӣ суръати чопи баландтар доранд ва барои чоп коғази махсус талаб намекунанд. Масалан, чопгарҳои шахсии HP LaserJet 5L ё 5P дар як дақиқа 4–5 саҳифа чоп мекунанд, офисии HP LaserJet 4 ё 5 – 8–12 саҳифа.
Чопгари 3D
Чопгари 3D – сахтафзори тавассути барнома идорашаванда аст, ки танҳо амалҳои аддитивӣ иҷро мекунад: масолеҳи объекти мушаххасро қисм ба қисм (қабат ба қабат) болои ҳам мегузорад. Технологияи чопи 3D имкон медиҳад, ки аз рӯйи амсилаҳои рақамии объектҳо худи объектҳо дар шакли воқеӣ сохта шаванд.
Ғояи чопи 3D ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта таҳти унвони «прототипсозии босуръат» оғоз ёфта буд. Ҳадафи он – ҳарчи зудтар ва арзонтар сохтани прототипи объектҳо. Имрӯз ин технология хеле пеш рафтааст. Раванди чопи сеченака вобаста ба андоза, масолеҳ ва мураккабии амсил аз якчанд соат то якчанд рӯзро дар бар мегирад.