Мағзи компютер
Микропротсессор – сахтафзори асосии компютери фардист. Онро маъмулан протсессори марказӣ (CPU – Central Processing Unit) меноманд. Тамоми амалиёти коркарди иттилоот, амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ ва идоракунии қисмҳои компютер ба воситаи он иҷро мешавад. Азбаски аз рӯйи хосиятҳо ба «майна»-и сари инсон монанд аст, ихтирои онро яке аз беҳтарин дастовардҳои асри XX дар электроника ва техникаи ҳисоббарор меҳисобанд.
Микропротсессорҳои муосир дар шакли чип (chip – микросхема, кристалл) истеҳсол мешаванд ва хеле хурданд. Аввалин микропротсессорро соли 1971 муҳандисони ширкати Intel сохтанд. Имрӯз бештар маҳсулоти ширкатҳои Intel ва AMD маъруфанд.
Сохтори микропротсессор ба микросхемаи азими интегралӣ монанд аст. «Азим» на андозаи онро, балки шумораи қисматҳои электрониро нишон медиҳад: дар як тахтаи кристаллӣ якчанд миллион қисмат ҷой дорад. Ҳар қадар технология такмил ёбад, қисматҳо хурдтар ва шумораашон зиёдтар мешавад, ва суръат ва эътимоднокии протсессор меафзояд. Протсессорро ба платаи системавӣ тавассути васлаки махсус (socket) насб мекунанд.
Микропротсессор аз се қисм иборат аст:
- блоки арифметикию мантиқӣ – амалҳои арифметикӣ ва мантиқиро иҷро мекунад;
- блоки идорӣ – кори қисмҳои компютерро идора мекунад;
- ҷузъҳои хотира – иттилоотро муваққатан нигоҳ медоранд.
Протсессор мувофиқи дастурҳои корбар худкор ва бо суръати бениҳоят баланд аз хотираи беруна барномаи заруриро меёбад, ба хотираи фаврӣ мегузорад, дастурҳои барномаро рамз мегузорад ва иҷрояшро таъмин мекунад. Пас аз анҷоми кор хотираро озод мекунад ва дастури навбатиро интизор мешавад.
Маҳсулнокӣ
Нишондиҳандаи муҳимтарини протсессор – маҳсулнокӣ аст. Он зудкории мутлақи компютерро муайян мекунад.
Маҳсулнокӣ аз ду нишондиҳандаи дигар вобаста аст: зуддии зарба ва разряднокӣ.
Зуддии зарба
Зуддии зарба (такти корӣ) ба шумораи тактҳои протсессор дар як сония баробар аст. Такт – фосилаи вақт байни ду импулси ҳамсояи протсессор.
Воҳиди ченаки зуддии зарба – гертс (Гс). Онро бо мегагертс ва гигагертс чен мекунанд: