Хотира чист
Ҳангоми кор бо компютер иттилоотро бо ягон воситаи техникӣ нигоҳ доштан лозим аст, то ки ба он боз дастрасӣ пайдо кардан мумкин шавад. Барои ин ба компютер сахтафзорҳои гуногуни сабти иттилоот ҳамроҳ мекунанд. Онҳо хотираҳои компютер ном доранд.
Иттилооти дар хотира нигоҳшаванда аввал ба пайдарпайии рақамҳои дуӣ (0 ва 1) рамз гузошта шуда, баъд нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми хондан баръакс: аввал аз шакли дуӣ ба шакли маъмул меоранд, баъд дар экран нишон медиҳанд.
Хотираи инсон ва хотираи компютер
Муҳандисон ҳамеша кӯшидаанд, ки сахтафзорҳои нигаҳдории иттилоотро ба хотираи инсон монанд созанд. Инсон як қисми иттилоотро дар хотираи доимии (дохилии) худ – майнааш – нигоҳ медорад. Қисми дигарро дар ноқилҳои моддӣ: дафтари ёддошт, албоми расмҳо, китоб, фиттаи магнитӣ, диск, флеш-корт. Инҳоро хотираи беруна номидан мумкин аст.
Хотираи дохилии инсон хосиятҳои нодир дорад, вале ғунҷоишаш маҳдуд аст. Иттилоотро аз хотираи дохилӣ зуд мегиранд, аз беруна – бо вақти бештар. Бартарии хотираи беруна: иттилоот муддати дароз нигоҳ дошта мешавад ва корбарони зиёд аз он истифода бурда метавонанд.
Дар компютер низ ҳамин тақсимот ҳаст. Хотираи дохилӣ ба таври фаврӣ дастрас аст, вале ҳаҷмаш нисбатан хурд аст. Хотираи беруна вақти бештар талаб мекунад, вале иттилооти бештарро нигоҳ медорад.
Хондан, сабт, суроға
Амалҳои маъмултарин бо хотира – хондан ва сабт. Ҳангоми хондан нусхаи иттилоот ба протсессор мегузарад ва бо он амалҳо иҷро мешаванд; дар хотира иттилоот то сабти шакли тағйирёфта бетағйир мемонад. Ҳангоми сабт иттилоот дар хотира бо ягон ном ё суроға нигоҳ дошта мешавад. Агар бо як ном чанд бор сабт кунед, ҳар дафъа он ҷойи нусхаи пешинро мегирад.
Хондан ва сабт якҷоя дастрасӣ ба хотира ном дорад.
Ду хосияти хотира
Зудкорӣ. Зудкории хотира – ҳадди вақтест, ки ҳиссаи минималии иттилоот дар хотира навишта ё аз он хонда мешавад (вақти дастрасӣ). Онро бо миллисония, микросония ва наносония чен мекунанд.
Ғунҷоиш. Ғунҷоиши хотира – миқдори максималии иттилооти дар он нигоҳдошташаванда. Хурдтарин воҳиди иттилоот – бит; дар компютер одатан аз байт ва воҳидҳои калонтар истифода мебаранд.