Боби 4 аз шаш дарс иборат буд. Аввал фаҳмидем, ки иттилооти ададӣ чист ва чӣ тавр бо 0 ва 1 сабт мешавад. Баъд бо Ҳисобкунак шинос шудем: бо реҷаи Маъмул (мантиқи арифметикӣ), реҷаи Муҳандисӣ (мантиқи алгебравӣ), реҷаи Барномасоз (системаҳои ҳисоб ва амалҳои мантиқӣ), Ҳисобкунии санаи рӯз ва Журнал.
Дар як назар
| Дарс | Асосиро дар хотир доред |
|---|---|
| 25. Иттилооти ададӣ | Иттилооти ададӣ – додаҳои рақамӣ; компютер 0 ва 1-ро истифода мебарад. 1 байт – 0…255; 2 байт – 0…65 535; 3 байт – 0…16 777 215. |
| 26. Ҳисобкунак | Чор реҷа: Маъмул, Муҳандисӣ, Барномасоз, Омор (Alt+1…Alt+4). Ченактабдилдиҳӣ ва буфери мубодила. |
| 27. Реҷаи Маъмул | Мантиқи арифметикӣ: аз чап ба рост, бе авлавият. X ва Y – регистрҳо; MC, MR, MS, M+, M−; 18 + 20 × 4 = 152. |
| 28. Реҷаи Муҳандисӣ | Мантиқи алгебравӣ: қавс, дараҷа, зарб ва тақсим, ҷамъ ва тарҳ; функсияҳо; Журнал барои ҳар реҷа. |
| 29. Реҷаи Барномасоз | Hex, Dec, Oct, Bin; And, Or, Xor, Not; дуруст = 1, нодуруст = 0; калимаи мошинӣ. |
| 30. Сана ва Журнал | Фарқи байни ду сана ва иловакунӣ ё камкунии рӯзҳо; Журнал – хотираи доимӣ; тозакунӣ. |