Барномаи Ҳисобкунак
Барномаро чунин кушоем: тугмаи Оғоз → Ҳамаи барномаҳо → Стандартиҳо (Стандартные) → Калькулятор. Равзанаи ҳисобкунаки электронӣ пайдо мешавад: андоза ва шакли он ба ҳисобкунаки маъмул хеле шабоҳат дорад. Аз ин рӯ шакли аввалаи он Маъмул (Обычный) ном дорад.
Реҷаҳои корбарӣ
Дар банди Намо (Вид)-и менюи равзана маълум мешавад, ки ҳисобкунак чор шакл (реҷаи корбарӣ) дорад. Бо пахши номи реҷа аз як реҷа ба дигар гузаштан мумкин аст.
| Реҷа | Вазифа |
|---|---|
| Маъмул (Обычный), Alt+1 | чор амали арифметикӣ, баъзе функсияҳо |
| Муҳандисӣ (Инженерный), Alt+2 | функсияҳои илмӣ, қавс, амалҳои мантиқӣ ва оморӣ |
| Барномасоз (Программист), Alt+3 | гузариш аз як системаи ҳисоб ба дигар, амалҳои мантиқӣ |
| Омор (Статистика), Alt+4 | ҳисобҳои оморӣ |
Гузаришро бо пахши якҷояи тугмаҳои сафҳакалид низ таъмин кардан мумкин аст: Alt+1, Alt+2, Alt+3 ва Alt+4.
- Маъмул: ба ғайр аз чор амал, қимати баъзе функсияҳоро ҳисоб мекунад; афзорҳои онҳо дар қатори болои майдони рақамӣ ҳастанд.
- Муҳандисӣ: маҷмуи функсияҳо барои ҳисобҳои илмӣ ва муҳандисӣ; бо қавсҳо тартиби амалҳоро тағйир додан мумкин аст.
- Барномасоз: ададро аз як системаи ҳисоб (масалан, аз 10-ӣ) ба дигар (масалан, ба 2-ӣ) мегузаронад; ба таҷҳизоти мукаммали ҳисоби функсияҳои мантиқӣ ва математикӣ табдил меёбад.
- Омор: аввал маълумотро ворид мекунанд, сипас ҳисобҳои оморӣ мегузаронанд.