Реҷаи Барномасоз
Ба реҷаи Барномасоз низ ду тарз мегузаранд: бо менюи Намо ё бо Alt+3. Ин реҷа аз он Барномасоз ном гирифтааст, ки ҳисобкунак дар ин реҷа ба ғайр аз як қисми имкониятҳои реҷаи Муҳандисӣ инчунин ифодаҳои мантиқиро ҳисоб мекунад, ададҳоро аз як системаи ҳисоб ба дигар мегузаронад ва пайдарпайии ҳисобҳоро ба таври зарурӣ иҷро карда метавонад.
Дар ин реҷа:
- ҳисобҳои одӣ бо ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим аз ҳама реҷаҳои дигар монанд аст, илова бар он амалҳои мантиқии (битӣ) And, Or, Not, Xor ҳастанд;
- танҳо ададҳои бутун истифода мешаванд, қисми касрӣ ба эътибор гирифта намешавад;
- саҳеҳии ҳисобкунак вобаста ба андозаи калимаи мошинӣ то 64 бит мерасад; авлавияти амалҳо мисли реҷаи Муҳандисӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
| Калима | Андоза |
|---|---|
| Qword (калимаи чорчанда) | 8 байт = 64 бит |
| Dword (калимаи дучанда) | 4 байт = 32 бит |
| Word (як калима) | 2 байт = 16 бит |
| Byte (ним калима) | 1 байт = 8 бит |
Системаҳои ҳисоб
Дар ин реҷа ададро дар яке аз чор система ворид мекунанд ва ҳар чорро якбора мебинанд:
- Hex – системаи 16-ӣ (шонздаҳӣ);
- Dec – системаи 10-ӣ (даҳӣ);
- Oct – системаи 8-ӣ (ҳаштӣ);
- Bin – системаи 2-ӣ (дуӣ).
Тугмаҳои рақамӣ барои рақамҳои ва ҳарфҳои лотинии пешбинӣ шудаанд. Ин ҳарфҳо рақамҳои системаи 16-ӣ мебошанд: