Scratch чист?
Дар муҳити Scratch ба барномасоз зарур нест, ки мисли дигар забонҳо рамзҳои гуногуни барномавиро азёд донад ва бехато нависад. Вазифаи ӯ танҳо дуруст ҷо ба ҷо кардани (пайвастани) блокҳост. Блокҳои барнома қулфакҳои махсус доранд, ки пайвастшавии блокҳои номувофиқро ғайриимкон мегардонанд.
Scratch имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои чандрасонаии (мултимедиавии) интерактивӣ сохта шаванд: филмҳои мултипликатсионӣ, таҷрибаҳои илмӣ, бозиҳо, амсилаҳо ва ғайра. Дар вақти дилхоҳ ба барнома тағйирот ворид кардан ва дарҳол натиҷаро дар экран дидан мумкин аст.
Лоиҳаи эҷоди Scratch соли 2003 оғоз ёфта, соли 2007 дар лабораторияи «Lifelong Kindergarten»-и Институти технологии Массачусетс таҳти роҳбарии профессор Митчел Резник (Mitchel Resnick) пурра анҷом дода шудааст.
Ду тарзи кор бо Scratch
- Виростори бархатӣ (онлайнӣ) – дар вебсафҳаи scratch.mit.edu кор мекунад. Барои нигоҳ доштани лоиҳаҳо бояд ном сабт кард (ба қайд гирифт).
- Виростори офлайнӣ – бе пайвастшавӣ ба интернет кор мекунад. Ҳарду вариант комилан ба ҳам монанданд ва функсияҳои якхела доранд; дар системаҳои амалиётии Windows, Linux ва Mac OS X якхела кор мекунанд.
Дар омӯзиши Scratch бо бисёр мафҳумҳои нав шинос мешавед: давр (сикл), блоки шартӣ, давр шартӣ, ифодаи мантиқӣ, ҳамвории координатӣ, фоиз, касри даҳӣ, дараҷа, тағйирёбанда, рӯйхат. Инчунин бо технологияҳои сохтани мултфилмҳо, бозиҳо, скриптҳои мураккаб, расмкашӣ, амалҳои тағйирдиҳии садо ва ғайра шинос мешавед.
Чаро «Scratch»?
Баъзе муаллифон мегӯянд, ки ном ба хислати қаҳрамони асосии муҳит – «гурбаи харошанда» вобаста аст: феъли англисии to scratch – «харошидан». Персонажҳои муҳити ин забонро спрайт мегӯянд. Нуқтаи назари дигар: дар забони англисии амрикоӣ to start from scratch – «аз ибтидо (аз асос) оғоз кардан»; Scratch – ибтидои омӯзиши барномасозӣ.
Барнома ва скрипт
Барнома – маҷмуи дастурҳои компютерӣ. Он бо ёрии ягон забони барномасозӣ сохта мешавад. Аксари забонҳо асоси матнӣ доранд: дастурҳо бо рамзҳои англисӣ навишта мешаванд. Масалан, барои намоиши сатри «Салом!» дар Python, C++ ва Java чунин менависанд:
- Python:
print('Салом!') - C++:
std::cout << "Салом!" << std::endl; - Java:
System.out.print("Салом!");
Омӯзиши забонҳои матнӣ ва фаҳмидани мантиқи синтаксиси онҳо барои навомӯзон душвор аст. Сохтори визуалии Scratch ин корро осон мекунад: бо як блоки мувофиқ дар экран ҳам симои гурба ва ҳам матни «Салом!» пайдо мешаванд. Ин аввалин барномаи мост – ҳамагӣ як блоки бунафш. Дастур ба гурба «мефаҳмонад», ки «Салом!» гӯяд.
Блокҳои барномавии Scratch маъмулан бо забони англисӣ ё русӣ пешакӣ шакл гирифтаанд. Гурба низ спрайт аст. Аз ин рӯ барномаҳои шумо спрайтҳои сершумор хоҳанд дошт: онҳоро дар ҳаракат, гардиш, гуфтугӯ, навозиши мусиқӣ ва ҳалли бисёр масъалаҳои дигар истифода бурдан мумкин аст.