Реҷаи Маъмул
Ҳисобкунакро аз дилхоҳ реҷа ба реҷаи Маъмул бо пахши номи он дар менюи Намо ё бо Alt+1 гузаронидан мумкин аст. Реҷаи Маъмул – одитарин реҷаи корбарӣ.
Дар ин реҷа ва дар реҷаҳои дигар низ равзанаи Ҳисобкунак ду қисм дорад: қисми содиротӣ (нимаи якум) – натиҷаҳо; қисми воридотӣ (нимаи дуюм) – ададҳо, аломати амалҳо ва функсияҳо. Қисми воридотиро майдони рақамӣ низ мегӯянд.
Ҳисобҳоро бо пахши тугмаҳои ҳисобкунак ё тугмаҳои мувофиқи сафҳакалид иҷро мекунанд. Агар тугмаи Num Lock фаъол бошад, ададҳо ва аломатҳои амалҳоро бо блоки рақамии сафҳакалид низ ворид кардан мумкин аст.
Тугмаҳои реҷаи Маъмул
- Тугмаҳои рақамӣ 0–9 дар намуди мураббаи 3×3 ҷойгиранд: рақами 1 – дар тарафи чапи поёни мураббаъ, рақами 9 – дар тарафи рости боло, рақами 0 – дар поёни рақами 2.
- Вергул «,» – дар поёни рақами 3; қисмҳои бутун ва касрии ададҳои даҳиро ҷудо мекунад.
- Тугмаҳои амалҳо «+», «−», «×», «÷» ва тугмаи «=» дар тарафи рости мураббаъ ҷойгиранд: аломати амал амалро ворид мекунад, «=» занҷири ҳисобро иҷро мекунад.
- C – ададҳои воридкардаро тоза мекунад (ба сифр табдил медиҳад) ё амалро лағв мекунад.
- Функсияҳо (дар қатори болоӣ): % – фоизи адади додашуда; √ – решаи квадратӣ; x² – квадрат; 1/x – бузургии чаппа. Барои функсия аввал аргументро (ададро) ворид мекунанд, баъд тугмаи функсияро пахш менамоянд.
Хотира ва регистрҳо
Хотираи Ҳисобкунак аз регистрҳо иборат аст; дар ҳар кадом танҳо қимати як адад нигоҳ дошта мешавад. Ҳадди ақал ду регистри амалиётӣ ҳаст: дар X адади дисплей (воридшуда) ва дар Y – операнди қаблан воридшуда нигоҳ дошта мешавад.
Ба ғайр аз регистрҳои амалиётӣ ҳисобкунак як регистри хотира дорад – барои нигоҳ доштани адади доимӣ ё натиҷаи мобайнӣ. Тугмаҳои идоракунии он:
- MC – хотираро тоза мекунад (қимати онро ба сифр табдил медиҳад);
- MR – адади хотираро нусхабардорӣ карда, ба регистри X (дисплей) мегузорад;
- MS – адади навро дар хотира нигоҳ медорад;
- M+ – қимати регистри X-ро ба қимати ҷории хотира илова мекунад; қимати X бетағйир мемонад;
- M− – мисли M+, танҳо қимати X аз хотира кам карда мешавад.
Мантиқҳои амалиёт
Вобаста аз реҷа ҳисобкунак яке аз се мантиқи амалиётгузаронӣ (тартиби иҷрои амалҳо)-ро истифода мебарад: мантиқи арифметикӣ, мантиқи алгебравӣ ва . Дар мантиқҳои арифметикӣ ва алгебравӣ аломати амал дар байни операндҳо меистад, дар мантиқи чаппа – пас аз операндҳо.