Иттилооти ададӣ чист?
Иттилоот бо равандҳои иттилоотӣ – дарёфт, қабул, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, истифода, сабт ва ирсол – алоқаманд аст ва шартан ба намудҳои ададӣ, матнӣ, графикӣ, савту садоӣ ва чандрасонаӣ тақсим мешавад.
Дар ибтидо компютер «Мошини электронии ҳисоббарор» ном дошт ва танҳо барои коркарди иттилооти ададӣ истифода мешуд. Ҳоло компютер намудҳои гуногуни иттилоотро коркард мекунад, аммо мавқеи иттилооти ададӣ барои он махсус аст: тамоми намудҳои дигари иттилоот пеш аз коркард ба шакли ададӣ (рақамӣ) табдил дода мешаванд.
Иттилооти ададӣ аз рӯйи хосиятҳои умумиаш ба намудҳои дигар монанд аст, аз рӯйи вазифаҳояш фарқ мекунад. Ба тавсифҳои миқдорӣ дохил мешаванд: синну соли одамон, вазни ашё, миқдори объектҳо, захираҳои канданиҳои фоиданок, масоҳати ҷангалзорҳо, нархномаҳои мағозавӣ, нишондодҳои таҷҳизот ва ғайра.
Додаҳои рақамӣ ва рамзи дуӣ
Додаҳои рақамӣ – иттилооти ададиест, ки бо ёрии рақамҳо рамзбандӣ шудааст. Дар хотираи компютер ҳар гуна иттилоот бо рамзҳои дуӣ – дар шакли занҷирҳои сифрҳо ва воҳидҳо (якҳо) нигоҳ дошта мешавад:
- расми сиёҳу сафед – занҷири битҳо (ҳар мураббаъча: 0 ё 1);
- ҳарфҳои А, Б, В – ҳар кадом бо рамзи худ;
- адади 254 – рамзи дуии .
Рамзбандии дуӣ чӣ тавр пайдо шуд?
Зиёда аз 100 сол пеш одамон барои интиқоли иттилоот ба масофаҳои дур телеграф-ро ихтироъ карданд. Ададҳо ва ҳарфҳоро бо ду аломат – «нуқта» ва «тире» – рамзбандӣ мекарданд: ин алифбои Морзе шуд.
Ҷудо кардани сигналҳои дароз (тире) ва кӯтоҳ (нуқта) душвор аст, бинобар ин алифбои Морзе дар компютер татбиқ нагардид. Усули соддатар ихтироъ шуд: сигнал ҳаст (1) ва сигнал нест (0).
Ададҳои даҳиро компютер бо ададҳои дуӣ рамзбандӣ мекунад:
| Даҳӣ | Дуӣ | Даҳӣ | Дуӣ |
|---|