Реҷаи Омор
Реҷаи чоруми корбарии Ҳисобкунак – Омор (Статистика) – бо Alt+4 ё бо менюи Намо кушода мешавад. Имкониятҳои ҳисобкунии он ба синну соли хонандагони синфи 6 чандон мувофиқат намекунад, бинобар ин омӯзиши мустақилонаи он барои синфҳои болоӣ тавсия дода мешавад.
Ҳисобкунии санаи рӯз
Дастрасӣ ба зербанди Ҳисобкунии санаи рӯз (Вычисление даты) бо банди Намо (Ctrl+E) таъмин мешавад. Асосан барои муайян кардани фарқи байни ду санаи рӯзи дилхоҳ истифода мебаранд. Инчунин ба санаи додашуда миқдори муайяни рӯзҳоро илова ё аз он кам кардан мумкин аст.
Равзана ду қисм дорад: чап – майдони ҳисоби Ҳисобкунак, рост – майдони Ҳисобкунии санаи рӯз. Қисми рост панҷ майдонча дорад: Тарзи ҳисобкунии сана, Санаи якум (С), Санаи дуюм (То), Фарқ: солҳо, моҳҳо, ҳафтаҳо, рӯзҳо ва Фарқ: рӯзҳо.
1. Фарқи байни ду сана
Мисол: аз 27.11.2022 то 01.02.2023 – 2 моҳу 5 рӯз, ҳамагӣ 66 рӯз.
Санҷем: аз 27 ноябр то 27 январ – 2 моҳ (61 рӯз: 30 − 27 + 31 + 27 = 61); аз 27 январ то 1 феврал – 5 рӯз; ҳамагӣ .
2. Иловакунӣ ё камкунии рӯзҳо
Барои ба санаи додашуда илова кардан (ё аз он кам кардан) рӯзҳо, моҳҳо, солҳо, дар майдончаи якум тарзи дуюмро интихоб кунед: Иловакунӣ ё камкунии рӯзҳо барои санаи нишондодашуда. Намуди равзана тағйир меёбад: санаро, «Иловакунӣ» ё «Камкунӣ»-ро ва шумораи солҳо, моҳҳо, рӯзҳоро ворид мекунанд.
Мисол: ба 27.11.2022 илова мекунем 25 сол, 3 моҳ ва 75 рӯз. Пас аз «Ҳисобкунӣ» дар майдончаи Сана – 12 майи соли 2048.
Журнали ҳисоб
Журнал (Журнали ҳисоб) – воситаи асосии бақайдгирии ҳамаи ҳисобҳое, ки Ҳисобкунак онҳоро дар сеанси ҷорӣ дар реҷаҳои ва амалӣ гардонидааст. Тарзи дастрасӣ ба Журнал мисли Ҳисобкунии санаи рӯз аст: менюи (Ctrl+H).