Азназаргузаронии тасвир
Пеш аз он ки расмро дар экран нишон диҳанд ё дар коғаз чоп кунанд, онро аз назар мегузаронанд ва камбудиҳояшро ислоҳ мекунанд. Афзорҳои азназаргузаронӣ дар банди Намо (Вид)-и тасма ҷойгиранд. Онҳо дар се блок гурӯҳбандӣ шудаанд:
- Миқёс (Масштаб) – Зиёдкунӣ (Увеличить), Камкунӣ (Уменьшить) ва 100 %;
- Инъикос ё пинҳон (Показать или скрыть) – Хаткашҳо (Линейки), Хатҳои тӯр (Линии сетки), Сатри ҳолатнамо (Строка состояния);
- Инъикос (Показать) – Бо паҳнои экран (Во весь экран) ва Ангора (Эскиз).
Афзорҳои Зиёдкунӣ ва Камкунӣ тасвирро калон ё хурд мекунанд ва барои дидани ҷузъҳои алоҳида хизмат мекунанд. Афзори «100 %» андозаи аслии тасвирро нишон медиҳад.
Афзорҳои Хаткашҳо, Хатҳои тӯр ва Сатри ҳолатнамо ҳатмӣ нестанд: онҳоро аз рӯйи зарурат намоён мекунанд – дар катаки назди ном аломат мегузоранд. Хаткашҳо ва хатҳои тӯр имкон медиҳанд, ки андоза ва ҷузъиёти тасвир аниқ ба ҳисоб гирифта шаванд. Ҳар як катаки тӯр як нуқтаи калонкардашудаи тасвирро нишон медиҳад. Ин реҷа барои тағйири тасвир аз рӯйи нуқтаҳои алоҳида хеле мувофиқ аст.
Бо паҳнои экран тасвирро якбора дар экран, Ангора бошад, ангораи тасвирро дар равзана нишон медиҳад.
Нигаҳдории тасвир
Расми дар Paint сохташавандаро баъд аз лаҳзаҳои муайян мунтазам дар хотираи компютер нигоҳ доштан лозим аст. Ин барои пешгирӣ аз нобудшавии тасодуфии қисми кори анҷомёфта зарур аст.
Расмро дар шакли парвандаи графикӣ нигоҳ медоранд. Барои ин банди Парванда дорои ду зербанд аст: Нигаҳдорӣ (Сохранить) ва Нигаҳдорӣ ҳамчун (Сохранить как). Барои бори аввал сабт кардан фарқ надорад, кадомашро истифода мебаранд: дар ҳарду ҳолат равзанаи Нигаҳдорӣ (Сохранение) пайдо мешавад.
Вазифаи равзана – муайян кардани ҷузвдон (макони нигаҳдорӣ), номи ва навъи (формати) парванда. Баъд тугмаи Сабт (Сохранить) пахш мешавад; Лағв сабтро бекор мекунад. Баъд аз он ки парванда ном ва навъ гирифт, сабтҳои навбатии он танҳо бо афзори Нигаҳдорӣ (дар банди «Парванда» ё сатри сарлавҳа) анҷом меёбанд.
Зербанди Нигаҳдорӣ ҳамчун-ро вақте истифода мебаранд, ки парвандаро бо номи нав, бо формати дигар ё дар ҷузвдони дигар нигоҳ доштан лозим бошад. Ин зербанд имкон медиҳад, ки парванда ҳамчун PNG, JPEG, BMP, GIF ё формати дигар сабт шавад: