Paint – виростори графикии таълимӣ
Paint (MS Paint, Microsoft Paint) – виростори графикии одӣ ва барномаи стандартии системаи амалиётии Windows. Бо он тасвирҳои сода ва нисбатан мураккабро сохтан ва таҳрир кардан мумкин аст.
Афзорҳои Paint барои расмҳои дараҷаи касбӣ кифоя нестанд, вале донистани онҳо дониши пойгоҳии тасвирсозист. Он ҳангоми кор бо виросторони пуриқтидор, ба монанди Photoshop ва Corel Draw, низ кӯмак мекунад. Paint – виростори таълимии графикаи растрӣ аст: он тасвири нуқтавӣ дар форматҳои .jpg, .gif, .bmp ва .png-ро коркард мекунад.
Расмҳои Paint-ро монохромӣ ё ранга дар парвандаҳои графикӣ нигаҳдорӣ мекунанд, бо чопгар дар коғаз чоп мекунанд, ба санадҳои дигар (масалан, матнӣ) мегузоранд ва ҳатто ба сифати замина барои мизи корӣ истифода мебаранд.
Равзанаи Paint
Равзанаи Paint ба равзанаҳои барномаҳои матнӣ монанд аст. Дар он сатри сарлавҳа, сатри меню, тасмаи абзор, майдони корӣ (соҳаи тасвир), сатри ҳолатнамо ва тасмаҳои тобдиҳии уфуқӣ ва амудӣ ҳаст. Соҳаи тасвир – қисми равзана, ки барои расмкашӣ дастрас аст.
Сатри менюи Paint се банд дорад: Парванда (Файл), Асосӣ (Главная) ва Намо (Вид). Вобаста ба банди фаъол шакл, шумора ва мазмуни афзорҳои тасма иваз мешавад.
Ҳафт блоки банди «Асосӣ»
Афзорҳои банди «Асосӣ» ба блокҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. Ҳар як блок афзорҳои ба ҳам наздикро муттаҳид мекунад.
- Буфери мубодила (Буфер обмена) – афзорҳо мисли блоки ҳамном дар Word кор мекунанд: нусхабардорӣ, буридан, гузоштан.
- Тасвир (Изображение) – ҷудо кардани соҳаи муайяни тасвир, тағйири андоза, тоб додан таҳти кунҷ, буридани қисм ва амалҳои дигар.
- Абзор (Инструменты) ва Мӯқаламҳо (Кисти) – афзорҳои расмкашӣ: қалам, мӯқаламҳои андозаҳои гуногун, хатпоккунак, миқёсгир, рангрезак ва ғайра.
- Шаклҳо (Фигуры) – шаклҳои тайёри геометрӣ, рангпуркунӣ ва тағйири хатҳои ҳудудии онҳо.
- Ғафсӣ (Толщина) – андоза ва ғафсии хатҳо.
- Рангҳо (Цвета) – интихоби ранги асосӣ ва ранги замина.
Афзорҳои расмкашӣ
Дар Paint шонздаҳ афзори асосӣ ҳаст:
| Афзор | Вазифа |
|---|