Афзори матнҳамроҳкунӣ
Виросторони графикӣ асосан барои сохтани мусаввара ва таҳрири он пешбинӣ шудаанд. Вале баъзан дар расм матни начандон калон лозим мешавад. Матни мусаввара, одатан, характери худмуаррифӣ, таблиғотӣ ё тавзеҳотӣ дорад: сарлавҳа, эълон, номи расм.
Paint низ барои гузоштани навиштаҷот имкониятҳои хуб дорад. Афзорҳои он на он қадар зиёданд, вале барои гузоштани навиштаҷоти зарурӣ кифоя мекунанд.
Барои гузоштани матн аз блоки Абзор (Инструменты)-и банди «Асосӣ» афзори Матн (Текст)-ро интихоб мекунанд. Дар нусхаҳои пештараи Paint онро «Навиштаҷот» низ меномиданд.
Тасмаи «Матн»
Баъд аз он ки афзорро интихоб карда, мушнаморо ба соҳаи тасвир мебарем ва кашола мекунем, тасма дарҳол иваз мешавад: ба се банд (Парванда, Асосӣ, Намо) банди чорум – Матн (Текст) илова мешавад. Ҷуз афзорҳои матнсозӣ ҳамаи афзорҳои дигар аз тасма нопадид мешаванд. Афзорҳои корбарӣ бо матн дар чор блок ҷамъ шудаанд.
- Буфери мубодила – нусхабардорӣ, буридан, гузоштан;
- Ҳуруф (Шрифт) – навъ ва андозаи ҳуруф;
- Замина (Фон) – шаффоф ё ғайришаффоф;
- Рангҳо (Цвета) – ранги ҳуруф ва замина.
Чӣ тавр матн мегузорем
Аввал дар соҳаи тасвир расм бояд бошад. Баъд:
- Ҷойи тақрибии матнро муайян мекунем ва аз блоки «Абзор» афзори Матн-ро интихоб мекунем.
- Мушнаморо ба ҷойи муайяншуда бурда, тугмаи чапи мушро пахш мекунем: майдони матнворидкунӣ пайдо мешавад. Ин росткунҷаест, ки дар атроф мураббаъчаҳои хурд дорад – бо онҳо андозаи майдонро каму зиёд мекунанд.
- Дар дохили росткунҷа тугмаи чапро пахш мекунем: курсори матнӣ пайдо мешавад, яъне барнома барои воридкунӣ омода аст.
- Матнро бо сафҳакалид менависем. Матн бояд кӯтоҳ ва мазмундор бошад.
То пахши тугмаи чапи муш ё Enter матнро таҳрир кардан, навъ ва андозаи ҳуруфро иваз кардан, ранги тамоми матн ё қисми онро тағйир додан мумкин аст. Пас аз пахши тугмаи чап ё Enter навиштаҷот тағйирнопазир мешавад ва ба қисми расм табдил меёбад.
Кор бо ҳуруф – интихоби андоза ва ранги он – дар Paint айнан мисли WordPad аст. Масалан, ба расми гул навиштаҷоти «Расми гул» ҳамроҳ шудааст: ҳуруфи Arial, тарзи зоҳиршавии «Маъмул», андозаи 20, ранги сиёҳ.
Замина. Агар заминаро шаффоф интихоб кунем, расм аз зери ҳарфҳо намоён мемонад. Агар ғайришаффоф бошад, майдони матн бо ранги замина (Ранги 2) пур мешавад ва расмро мепӯшонад.