Виростори графикӣ
Компютер дар ибтидо танҳо аломатҳоро – ҳарфҳо, рақамҳо ва рамзҳои махсусро – дар экран нишон медод. Баъд одамон ба он кашидани объектҳои одиро – нуқта, хатти рост ва давраро ёд доданд. Имрӯз компютер тасвирҳои мураккабтаринро месозад. Сохтани онҳо ба зиммаи барномаҳои махсус – виросторони графикӣ гузошта шудааст.
Вобаста ба тарзи сохтани тасвир виросторон се навъ доранд:
- растрӣ – тасвирро ба пикселҳо тақсим карда, ба ҳар як пиксел рамзи ранг медиҳанд. Мисол: MS Paint, Microsoft Photo Editor, Adobe Photoshop, Fractal Design Painter;
- векторӣ – тасвирро аз объектҳои геометрии сода (нуқта, хатҳои рост ва каҷ, росткунҷа, секунҷа, давра) месозанд ва андозаҳоро бо формулаҳо ҳисоб мекунанд. Мисол: Corel Draw, Adobe Illustrator;
- сеченака – унсурҳои растрӣ ва векториро дар фазои сеченака якҷоя мекунад.
Графиксозии компютерӣ яке аз самтҳои зудрушдёбанда ва муосири технологияи иттилоотӣ аст. Виросторони графикӣ на танҳо абзори рассомон ва дизайнерони касбӣ, балки барои ҳар як корбари компютери фардӣ дастрас шудаанд. Натиҷаи кори онҳоро дар рӯзномаю маҷаллаҳо, варақаву буклетҳо, барномаҳои чандрасонаӣ ва вебсафҳаҳо ба осонӣ мебинем. Рушди Интернет ва торнигори ҷаҳонӣ (www), ки даҳҳо миллион вебсафҳаро бо ороишҳои нотакрор пайваст кардааст, зарурати воситаҳои графикиро боз ҳам зиёд кардааст.
Формати графикӣ
Дар парванда иттилооти дилхоҳ дар шакли пайдарпайии байтҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳар як байт қиматеро аз 0 то 255 мегирад.
Тарзи навиштани тасвир ба имкониятҳои виростор, чопгар ва ҳаҷми хотираи компютер таъсир мерасонад.
Формати растрӣ
Дар формати растрӣ (raster – панҷара) тасвири экран ҳам уфуқӣ (аз чап ба рост), ҳам амудӣ (аз боло ба поён) ба росткунҷачаҳои хурд – пикселҳо (pixel – picture element, «ҷузъи расм») тақсим мешавад. Ҳар қадар пикселҳо зиёд бошанд, онҳо хурдтар мешаванд ва тасвир дақиқтар менамояд.
Масалан, нишондиҳандаи экрани монитори 15-дюймаӣ 1024 × 768 пиксел аст. Дар ин экран ҳамагӣ пиксел ҷой дорад. Ранги ҳар як пиксел дар парвандаи графикӣ рамзбандӣ мешавад.