Мафҳуми шакл
Шакл мафҳуми хеле умумист. Объектҳои табиат шаклҳои гуногун доранд. Шаклҳои геометрие, ки дар мактаб меомӯзем, инъикоси ҳамин шаклҳои табиианд.
Афзорҳои шаклкашӣ
Афзорҳои шаклсозии Paint дар блоки Шаклҳо (Фигуры)-и банди «Асосӣ» ҷойгиранд. Онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд:
- стандартӣ – Росткунҷа, Эллипс, Секунҷа, Тир ва ғайра;
- ғайристандартӣ – Дил, Барқ, Тавзеҳ, Бисёркунҷа ва ғайра.
Ин ҷудокунӣ шартист: тарзи истифодаи ҳамаашон як хел аст. Ду афзори аввалини блок – Хаткаши рост ва Хаткаши каҷро дар Дарси 21 омӯхтем.
Технологияи шаклкашӣ
Мисли хаткашӣ, дар ин ҷо ҳам асбоби асосӣ муш аст.
- Аз блоки «Шаклҳо» афзори заруриро интихоб мекунем.
- Тугмаи чапи мушро дар қуллаи якуми объект пахш карда, мушнаморо ба самти қуллаи муқобил кашола мекунем ва тугмаро раҳо мекунем.
- Атрофи шакл росткунҷа бо мураббаъчаҳои хурд пайдо мешавад. Мушнамо ба болои онҳо шакли тири дусамтдор мегирад – бо ин тирҳо андозаи шаклро тағйир медиҳем.
Бисёркунҷаи ихтиёрӣ бо афзори Бисёркунҷасоз сохта мешавад. Ин афзор аз дигарон каме мураккабтар аст:
- Тарафи якумро бо кашолакунӣ мекашем.
- Барои тарафҳои дигар тугмаи чапро пай дар пай дар болои қуллаҳои эҳтимолӣ пахш мекунем.
- Барои анҷом дар қуллаи охирин ду маротиба пахш мекунем ё мушнаморо ба болои қуллаи якум бурда, як маротиба пахш мекунем.
Объекти дигаргунсозӣ
Баъзан лозим мешавад, ки шакл, андоза, ранг ё ҷойгиршавии як қисми расм тағйир ёбад. Ин қисмро объекти дигаргунсозӣ (тағйирдиҳӣ) меноманд. Он метавонад ҳар як ҷузъи алоҳидаи расм бошад.
Амалҳои маъмули дигаргунсозӣ: тағйири андоза, ранг, тоб додан таҳти кунҷ, буридани қисм, ҷойгузин ва нусхабардорӣ.
| Афзор | Вазифа |
|---|---|
| Ҷудокунак | объект ё қисми онро ҷудо мекунад: росткунҷавӣ, ихтиёрӣ, ҳамаро, ҷудоро чаппа, ҳазф |