Рангубор
Вазифаи асосии виросторони графикӣ – расмкашӣ ва бо рангҳои гуногун оро додани тасвирҳост. Рангубор – сохтани контурҳои рангаи объектҳо, заминаҳои онҳо, рангпуркунии сатҳи объектҳо ё қисмҳои онҳо ва амалҳои дигаре, ки бо рангҳо алоқаманданд. Рангуборкунии компютерӣ ба рангуборкунии воқеии рассом монанд аст: дар ҳарду ҳолат қалам, мӯқалам, хатпоккунак ва палитраи рангҳо лозиманд.
Афзорҳои рангубор дар блоки Рангҳо (Цвета)-и банди «Асосӣ» ҷойгиранд:
- Ранги 1 (Цвет 1) – ранги асосии контур;
- Ранги 2 (Цвет 2) – ранги замина;
- палитра – маҷмуи рангҳои тайёр;
- Рангсозиҳои хусусӣ (Изменение цветов) – барои сохтани рангҳои нав.
Рангҳои хусусӣ
Корбар метавонад рангҳои асосии палитраро омехта карда, рангҳои тамоман нав созад. Ин тавр мекунанд: зербанди «Рангсозиҳои хусусӣ»-ро пахш мекунанд – равзанаи Тағйири палитра (Изменение палитры) пайдо мешавад.
Равзана ду блоки захираи ранг дорад – Рангҳои асосӣ ва Рангҳои иловагӣ. Шаш майдончаи ранг: Тобиш (Оттенок), Ранги муқобил (Контраст), Равшанӣ (Яркость), Сурх (Красный), Сабз (Зеленый), Кабуд (Синий). Се тугма: Ок, Лағв (Отмена) ва Иловакунӣ ба маҷмуъ (Добавить в набор).
Бо рангҳои иловагӣ ҳамон тавр кор мекунанд, ки бо рангҳои асосӣ.
Ҳалкунандагӣ ва амиқии ранг
Имконияти ҳалкунандагӣ – шумораи нуқтаҳо дар як дюйм (dpi). Барои намоиш дар экран он бояд на камтар аз 72 dpi, барои чоп дар коғаз на камтар аз 300 dpi бошад. Ҳалкунандагии тасвир дар парвандааш нигоҳ дошта мешавад.
Ранги ҳар як пиксел бо шумораи муайяни битҳо рамзбандӣ мешавад. Агар барои ранги пиксел як бит ҷудо шавад, танҳо ё сафед (1) ё сиёҳ (0) мешавад – ин рамзбандии монохромӣ аст.
| Амиқӣ | Шумораи рангҳо |
|---|---|
| 1 бит | (сиёҳ ва сафед) |