Иттилооти графикӣ чист?
Он аз иттилооти матнӣ дар чӣ фарқ дорад? Матн аз алифбо сохта мешавад. Шумораи аломатҳои алифбо маҳдуд аст, вале бо онҳо шумораи беохири матнҳоро навиштан мумкин аст. Барои расм чунин рӯйхати қатъии ҷузъҳо (алифбои графикӣ) вуҷуд надорад. Барои ҳамин иттилооти графикӣ аз матнӣ табиатан мураккабтар аст.
Иттилооти графикӣ яке аз намудҳои иттилооти дидорӣ (визуалӣ) аст. Ба он расм, мусаввара, осор, лавҳаи тарғиботӣ, нақша, график, диаграмма, харитаи ҷуғрофӣ ва ангора дохил мешаванд. Онҳоро объектҳои графикӣ низ меноманд. Объектҳои графикӣ аз нуқта, хатти рост, хатти каҷ ва хатти бурида (пунктир) иборатанд. Онҳоро бо қалам, мӯқалам, бӯр, фломастер, ранг ва дигар афзорҳо дар коғаз, картон, тахтаи синф, матоъ, санг ё чӯб тасвир мекунанд.
Аз ғор то компютер
Иттилооти графикӣ инсониятро аз замонҳои қадим ҳамроҳӣ мекунад. Осори аввалини он бо сангҳои нӯгтез, ангиштсанг ва дигар афзорҳо иҷро шуда, дар деворҳои ғорҳо, тахтасангҳо, болою танаи кундаҳо ва дигар барандагони иттилоот боқӣ мондааст. Имрӯз одамон барои офаридани иттилооти графикӣ техникаи рақамиро истифода мебаранд.
Объектҳои графикаи компютериро на танҳо дар экран, балки дар коғаз низ чоп мекунанд. Сифати расмҳои бо чопгарони ранга чопшуда ба сифати аксҳо наздик шудааст.
Шаш навъи графикаи компютерӣ
Графикаи компютерии муосирро ба шаш навъ ҷудо мекунанд.
Барои ҳар як навъ таъминоти барномавии махсус таҳия шудааст. Онро бастаҳои барномаҳои графикӣ меноманд.
Растрӣ, векторӣ ва сеченака
Аз рӯйи тарзи сохтани тасвир графикаро ба се гурӯҳ тақсим мекунанд.
| Гурӯҳ | Барномаҳо |
|---|---|
| растрӣ | Paint, Microsoft Photo Editor, Adobe Photoshop, Fractal Design Painter |
| векторӣ | Corel Draw, Adobe Illustrator, Fractal Design Expression, Macromedia Freehand, AutoCAD |